Дар ниҳоят Трамп розӣ шуд, ки қудратро ба Байден интиқол диҳад
Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп, ки токунун аз пазириши шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурии сеюми ноябр худдорӣ мекард, дар ниҳоят бо интиқоли қудрат ба Раиси Ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар Ҷо Байден мувофиқат кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Трамп субҳи рӯзи сешанбе дар Твиттер навишт, ки аз Эмили Мерфӣ мудири Департаменти корҳои ҷамъиятии Амрико ( GSA ) дархост кардааст то дар масири манофеи кишвараш иқдомоти лозимро дар мавриди "протоколҳои аввалия" барои интиқоли қудрат ба Ҷо Байден иҷро кунад.
Трамп дар айни ҳол таъкид кард, ки ба мубориза идома медиҳад ва парвандаашро бо қудрат пайгирӣ мекунад.
Мерфӣ ҳам дар номае эълом кард, ки Байден ба манбаъҳо ва хидматҳои федералӣ дастрасӣ хоҳад дошт, то интиқоли қудратро осон кунад.
Мувофиқати Трамп пас аз он сурат гирифт, ки мақомоти интихоботии Мичиган пирӯзии номзади демократҳо Ҷо Байденро бо 154 ҳазор овоз дар иёлат тасдиқ карданд ва чанд соат пеш аз он Байден тими амнияти миллии худро муаррифӣ кард.
Бештар бихонед: