Болсонаро: агар тимсоҳ шудед, мушкили худатон аст!
(last modified Sat, 19 Dec 2020 10:57:05 GMT )
Декабр 19, 2020 15:57 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Бразилия ба шеваи хоси худаш дар бора аворизи ҷонибии ваксинаи корона ҳушдор дод
    Раисиҷумҳури Бразилия ба шеваи хоси худаш дар бора аворизи ҷонибии ваксинаи корона ҳушдор дод

Раисиҷумҳури Бразилия масъӯлияти ҳаргунаи оризаи ҷонибӣ дар асари ваксини коронаро бар ӯҳда дарёфткунандагон он донист.

Ба гузориши Russia Today, Ҷаир Болсонаро (Jair Bolsonaro), раиси ҷумҳури Бразилия, ки ба изҳори назрҳои ҷанҷолӣ шинохта шуда аст ва лақаби Трампи Бразилияро дорад гуфт: «ваксинаи “Pfizer” метавонанд сабаби рӯиши риш дар занон ва ё занона шудани садои мардон шавад.»

Вай афзуд: «ҳангоми имзои қарордод бо ширкати “Pfizer”, онҳо ошкоро мегӯянд, ки ҳеч масъулияте дар қиболи аворизи ҷонибии ваксина надоранд. Пас агар ваксина задед ва ба тимсоҳ табдил шудед, мушкили худатон аст.»

Болсонаро дар идома гуфт: «ман худам ҳаргиз ваксинаи коронаро нахоҳам зад. Ман қаблан ба Ковид-19 мубтало шудаам ва “antibody” дорам. Чаро бояд ваксина бизанам?»

Бо ҳукми панҷшанбеи гузаштаи Додгоҳи олии Бразилия ва бо вуҷӯди мухолифатҳои Болсонаро, мақомоти давлатии ин кишвар наметавонанд, афродро ба задани ваксинаи корона водор кунанд, аммо метавонанд барои касоне, ки ваксина назадаанд ҷарима ё маҳдудиятҳое таъин кунанд.

 

 

БЕШТАР БИХОНЕД: