Январ 10, 2021 10:03 Asia/Dushanbe
  • Барқи беш аз 80 дарсади манотиқи Покистон қатъ шудааст
    Барқи беш аз 80 дарсади манотиқи Покистон қатъ шудааст

Вазири нерӯи Покистон шанбешаб аз қатъи саросарии барқ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Умар Айюб Хон дар “Твиттер” бо эъломи хабари хомӯшии саросарӣ дар кишвараш, иллати онро уфти ногаҳонии шифори шабакаи интиқоли барқ эълом кард.

Вазири нерӯи Покистон дар идома бо таъкид бар инки масъулони марбӯта дар ҳоли талош барои ҳалли ин мушкил ҳастанд аз мардуми ин кишвар хост оромиши худро ҳифз кунанд.

Бар асоси эъломи расонаҳо, аз соати 23:50 шанбешаб ба вақти маҳаллӣ барқи беш аз 80 дарсади манотиқи Покистон қатъ шудааст.

Ҷузъиёти бештаре аз ин хабар мунташир нашудааст.

Ҷумҳурии федеролии Покистон бар асоси бароварди соли 2020 бо беш аз 220 миллионнафар ҷамъият панҷумин кишвари пурҷамъияти дунё аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп