Сармо ва яхбандони камсобиқа дар роҳи Русия
(last modified Thu, 14 Jan 2021 05:24:20 GMT )
Январ 14, 2021 10:24 Asia/Dushanbe
  • Идораи ҳавошиносии Русия ба шаҳрвандон ҳушдор додааст ҷуз дар мавориди зарурӣ аз хонаҳои худ хориҷ нашаванд
    Идораи ҳавошиносии Русия ба шаҳрвандон ҳушдор додааст ҷуз дар мавориди зарурӣ аз хонаҳои худ хориҷ нашаванд

Зимистони воқеӣ, ки дар чанд соли ахир собиқа надоштааст аз рӯзи ҷумъа то 20 январ, Русия марказӣ ва бавижа Маскавро дар бар хоҳад гирифт.

Ба гузориши ИРНА, коршиносони ҳавошиносии Русия яхбандони шадид дар Маскав барои ҳафтаи оянда ва бо дамои 25- дараҷаи сонтиград ва дар бархе нуқоти Русия то 40- дараҷа пешбинӣ карданд, ки ба муддати як ҳафта боқӣ хоҳад монд.

Евгений Тишковес, коршиноси барҷастаи Маркази обу ҳавоии Фобос гуфт: «ҳафтаи оянда Русияи марказӣ бо як зимистони воқеӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, ки ҳаддиақал дар се соли гузашта чунин иттифоқе рух надодааст.»

Тибқи гуфтаи ин коршиноси ҳавошиносӣ шиддати бориши барф дар Маскав 35 то 50 дарсад афзоиш дорад ва иртифоъи он ба 40 то 45 сантиметр хоҳад расид.

Коршиносони ҳавошиносӣ ба шаҳрвандони пойтахти Русия ҳушдор додаанд танҳо дар сӯрати зарурат ва бо риояти ҷониби эҳтиёт аз хонаҳои худ хориҷ шаванд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: