Узви парлумони Аврупо: ҷаҳон ҷуръати ба забон овардани фоҷеъаи Яманро надорад
-
Арабистону Иморот дар Яман дар ҳоли наслукашӣ бо ҳамдастии Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳастанд
Узви ирландии парлумони Аврупо бо интиқод аз иқдоми “Твиттер” дар бастани сафҳаи англисии ҳисоби корбарии вазорати хориҷаи Яман навишт, ки ҷаҳон ҷуръати ба забон овардани фоҷеъаи инсонӣ дар Яманро надорад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Майк Уоллес, узви ирландии парлумони Аврупо дар ин паёми “Твиттер”-ӣ навишт: «бадтарин фоҷеъаи инсонии ҷаҳон дар Яман дар ҳоли вуқуъ аст, аммо фақат Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (аз ин буҳрон) баҳраманда буда ва дар ҳоли наслкушӣ бо ҳамдастии Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.»
Уоллес афзудааст: «ҷаҳон ҷуръат надорад номи "фоҷеъаи инсонии Ямани"-ро ба забон биоварад, ин ҷанг ногуфтанӣ аст ва ҳатто ширкатҳои фанноварии бузург низ хостори сукӯти бештар ҳастанд.»
Арабистон ва Иморот аз соли 2015 дар қолаби эътилофе аз чанд кишвари арабӣ ва бо кумаки Амрико ва Британия, ҳамалоти густардаеро алайҳи Яман, ки фақиртарин кишвари арабӣ аст оғоз карданд.
Ин таҷовузи низомӣ токунӯн ҷуз кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор яманӣ ва ҳамчунин овора кардани миллионҳо нафар аз шаҳрвандони маҳрӯм ва вайронии зерсохтҳо ва қаҳтӣ ва гуруснагӣ ва шуюъи бемориҳои вогирдор дар ин кишвар натиҷае ба ҳамроҳ надоштааст.
БЕШТАР БИХОНЕД: