Январ 18, 2021 16:07 Asia/Dushanbe
  • Business Insider навишта аст Трамп « сумкаи ҳастаи »ро дар маросими савганд ба Байден нахоҳад дод
    Business Insider навишта аст Трамп « сумкаи ҳастаи »ро дар маросими савганд ба Байден нахоҳад дод

Доналд Трамп қасд дорад дар охирин рӯзи раёсати ҷумҳурии худ сумка ё ҷомадони ҳастаиро аз Вашингтон хориҷ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Business Insider , яке аз муҳимтарин бахшҳо дар замони интиқоли қудрат аз як раиси ҷумҳӯр ба раиси ҷумҳӯри дигар дар Амрико интиқоли фармондиҳӣ ва контроли ихтиёроти зарродхонаи ҳастаии Амрико аст, аммо ба назар мерасад Доналд Трамп, ки ҳозир ба ширкат дар маросими савганди Ҷо Байден нест , ин равандро душвор карда аст.

 Раиси ҷумҳӯр танҳо қудрат дар Амрико аст, ки ихтиёри содир кардани дастури ҳамлаи ҳастаиро ба ҳар ҷое ки бошад, дорад.

Ҳамвора як мушовири низомӣ раиси ҷумҳури Амрикоро ҳамроҳӣ мекунад, ки вазифааш ҳамли ҷомадоне аст, ки " футболи ҳастаӣ " номида мешавад.

 Ин ҷомадон ба раиси ҷумҳӯри Амрико имкон медиҳад, ки дастури ҳамлаи ҳастаиро ҳатто вақте дар марказҳои фармондиҳӣ ва контрол ҳузур надорад, содир кунад.

Трамп гуфта аст, ки 20 январ дар маросими савгандёди Байден ширкат нахоҳад кард, аммо нагуфта куҷо хоҳад буд ва қарор аст бо ҷомадони  ҳастаӣ чӣ кунад.?

 Дар ин ҷомадони ҳастаӣ калиде ҳаст, ки билофосила кулоҳакҳои ҳастаии мустақар дар пойгоҳҳои мушакҳои балластикии байниқитъаӣ, мушакҳои балластикии мустақар дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаафканҳои стратегиро фаъол мекунад.

 Дар ин ҷомадон ҳамчунин абзорҳои иртиботӣ , рамзҳо ва тамоми гузинаҳо барои ҷанги ҳастаӣ вуҷуд дорад.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчунин картаеро бо худ дорад, ки ба " бисквит" маъруф аст ва кодҳои фаъолсозӣ дар даргириҳои ҳастаиро дар худ худ ҷой додааст.

 Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико ҳангоме, ки дар охирин рӯзи раёсати ҷумҳурии худ Вашингтонро тарк мекунад,ин сумкаро бо худ хоҳад бурд, аммо кодҳои марбут ба он ба маҳзи ин ки Байден маросими савгандро ба ҷо оварад, дигар фаъол нахоҳанд буд.

бештар бихонед:

 

Барчасп