Тавофуқи Ҳинд бо Русия барои дарёфти сомонаи "С-400"
(last modified Sun, 16 Oct 2016 14:52:05 GMT )
Октябр 16, 2016 19:52 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Ҳинд бо Русия барои дарёфти сомонаи

Кишварҳои Ҳинду Русия қарордодҳои таслеҳотии мушаки "С-400" ва новчаҳои болгардро ба имзо расониданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Ҳинд ва Русия қарордоди сомонаи дифои мушакӣ ва дигар таслеҳоти низомиро имзо кардаанд.

Ин ду кишвар ду қарордод ба имзо расонидаанд, ки шомили дарёфти насли ҷадиди сомонаи мушакии "С-400"-и Русия ва новчаҳои класси Григоревичи русӣ аст.

Илова бар ин, қарор аст болгардҳои русии "Камов-226" дар Ҳинд тавлид шаванд.

Қарордодҳо дар ҳузури Нарандро Моди, нахуствазири Ҳинд ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба имзо расиданд ва мақомоти ду кишвар бар тақвияти ҳамкории стратегӣ миёни Деҳлӣ ва Маскав таъкид карда гуфтанд, бояд ҳамкории дифоии бештаре дар солҳои пешорӯ миёни ду кишвар вуҷуд дошта бошад.

Бар асоси ин қарордодҳо Ҳинд 5 мушаки "С-400", 4 новчаи класси Григоревич ва 200 болгарди "Камов-226" дарёфт мекунад.