Трамп муҳокима мешавад
(last modified Tue, 26 Jan 2021 05:39:58 GMT )
Январ 26, 2021 10:39 Asia/Dushanbe
  • Трамп таҳдид кардааст, ки муҳокимаи вай мунҷар ба барафрӯхта шудани хашми бештар мешавад
    Трамп таҳдид кардааст, ки муҳокимаи вай мунҷар ба барафрӯхта шудани хашми бештар мешавад

Парвандаи импичмент ба раисҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп барои баррасӣ дар муҳокимаи сенат ба ин маҷлис фиристода шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, аъзои мавсум ба мудирони истизоҳ (импичмент),  ки мунтахаби маҷлиси намояндагони Амрико ҳастанд,  шомгоҳи душанбе парвандаи истизоҳи Трампро бо иттиҳоми «таҳрик барои шӯриш» ба маҷлиси сенат фиристоданд то дар ҷаласот муҳокимае, ки қарор аст аз ҳаштуми феврал ташкил шавад, расидагӣ шуд.

Раиси ҷумҳурии пешини Амрико Доналд Трамп ба тахаллуфот ва ҷурмҳои вазнине дар заминаи ташвиқи ҳаводорони худ барои ҳамла ба Конгресси Амрико дар рӯзи чаҳоршанбе шашуми январ муттаҳам шудааст.

Трамп таҳдид кардааст муҳокимаи вай мунҷар ба барафрӯхта шудани хашми бештар хоҳад шуд.

Шашуми январ ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи муштараки конгресси Амрико барои таъйиди ниҳоии пирӯзии Чо Байден ба унвони раисҷумҳур, иддае аз тарафдорони Доналд Трамп, ки дар муқобили ин сохтмон таҷаммӯъ карда буданд вориди Конгресс шуданд.

Дар ин ҳамалот панҷ тан кушта ва даҳҳо нафар ҳам захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед: