Шарти сангини Толибон барои оташбас дар Афғонистон
Муовини дафтари сиёсии Толибон эълом кард: “агар Муҳаммад Ашрафи Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон истеъфо диҳад, гурӯҳи Толибон ҳозир аст, ки оташбас кунад ва бо давлати ҷадид канор биёяд”.
Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини сиёсии дафтари Толибон бо тарҳи ин иддао, ки давлати Афғонистон монеъи барқарории сулҳ аст, афзуд, давлати кунӯнии ин кишвар бояд канор баравад ва давлати ҷадиде дар Афғонистон бар сари кор ояд.
Станакзай дар ташреҳи модели мавриди назари Толибон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон поёни ҷанг дар ин кишварро ба хурӯҷи комили ҳамаи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон машрӯт донист ва таъкид кард, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузӯр доранд, ин гурӯҳ силоҳи худро бар замин намегузорад.
Станакзай ҳамчунин гуфт, Толибон аз кишварҳои минтақа монанди Чин, Русия, Эрон ва Покистон хостааст, ки аз раванди сулҳи Афғонистон ҳимоят кунанд.
Изҳороти Станакзай метавонад чашмандози музокироти сулҳи Афғонистонро дар ибҳом нигаҳ дорад.
Аз сӯи дигар Давохон Минапол, муовини сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар посух ба ин изҳорот гуфтааст: “вогузории қудрат дар ин кишвар машрӯт ба ин аст, ки давлати баъдӣ мунтахаби мардум бошад”.
Даври дувуми музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон ба манзури поёни ҷангу даргирӣ дар ин кишвар аз нуҳуми январ дар Қатар оғоз шудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Оғози даври дувуми музокироти давлати Афғонистон ва Толибон
- Мухолифати Толибон бо ташкили давлати муваққат дар Афғонистон
- Мулло Бародар ва ҳамроҳонаш дар Эрон: Толибон чӣ мегӯянд?