Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ҳузури тамошогар баргузор мешавад
(last modified Tue, 02 Feb 2021 06:02:48 GMT )
Феврал 02, 2021 11:02 Asia/Dushanbe
  • Инфантино: бемории ҳамагири вируси корона таъсире дар Ҷоми ҷаҳонӣ нахоҳад дошт
    Инфантино: бемории ҳамагири вируси корона таъсире дар Ҷоми ҷаҳонӣ нахоҳад дошт

Ҷанни Инфантино, раиси Федерасиюни байналмилалии футбол гуфт: “бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии соли ояндаи милодӣ дар Қатар бо ҳузури тамошогарон дар варзишгоҳҳо баргузор хоҳад шуд”.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, раиси ФИФА рӯзи душанбе дар нишасти маҷозӣ дар Женева афзуд, Ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад ва бемории ҳамагири вируси корона таъсире дар баргузарии он нахоҳад дошт.

Инфантино тавзеҳ дод: “ин иттифоқ бовар накарданӣ хоҳад буд ва ҷодуе хоҳад дошт, ки ҷаҳонро муттаҳид ме‌кунад”.

Ин дар ҳоле аст, акнӯн рақобатҳои интихобӣ дар кишварҳои мухталиф бидуни ҳузури тамошогар баргузор мешавад ва дар қораи Осиё низ рақобатҳо ба соли оянда мавкӯл шудааст.

Раиси ФИФА пештар таъкид кард, ки корона таъсире рӯи Ҷоми ҷаҳонӣ нахоҳад дошт ва ин рақобатҳо дар Қатар бо ҳузури тамошогар баргузор мешавад.

Мусобиқоти ҷаҳонии Қатар аз 21 ноябр то 18 декабри 2022 баргузор мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: