Феврал 22, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Камол Қиличдоруғлу аз ҳукумати Эрдуғон ба шиддат интиқод кард
    Камол Қиличдоруғлу аз ҳукумати Эрдуғон ба шиддат интиқод кард

Раиси ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия (CHP) давлати ҳокимро ба нокоромадӣ ва табъизи қавмиву мазҳабӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории “Курдперсс”, Камол Қиличдоруғлу дар видеоконфронсе бо ҳузури раисони анҷуманҳои вилояти Бурсаи Туркия баргузор шуд, гуфт: “Сарони ҳукумат ба ҷойи мардум ба ҷайби худ хидмат мекунанд”.

Раиси ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия (CHP) вазифаи ҳукуматро тавсеаи кишвар ва иштиғолзоӣ барои шаҳрвандон донист ва гуфт: “Дар кишвари мо ин вазифа раҳо шуда ва ба ҷояш аз мардум мепурсанад: курд ҳастед ё турк? алавӣ ҳастед ё суннӣ?”

Қиличдоруғлу афзуд: “Давлати мо аз камбуди як чиз ранҷ мебарад ва он ҳам масъулони бошараф аст”.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Камол Қиличдоруғлу ба иттиҳоми туҳмат ва тавҳин шикоят карда буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп