Горбачёв хоҳони иттиҳоди ҳастаии Русия ва Амрико шуд
(last modified Sun, 28 Feb 2021 06:33:03 GMT )
Феврал 28, 2021 11:33 Asia/Dushanbe
  • Горбачёв : Раисони ҷумҳӯрии Русияву Амрико барои иттиҳоди ҳастаӣ бештар бо ҳам дидор кунанд
    Горбачёв : Раисони ҷумҳӯрии Русияву Амрико барои иттиҳоди ҳастаӣ бештар бо ҳам дидор кунанд

Раҳбари пешини ҷамоҳири Шуравӣ дидори раисони ҷумҳӯрии Амрико ва Русияро бо ҳадафи иттиҳоди ҳастаӣ байни ин ду кишвар хостор шуд .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Горбачёв-охирин раиси ҷумҳӯрии иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ аз Владимир Путин-раиси ҷумҳӯрии Русия ва Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико хост, то барои иттиҳоди ҳастаии бештари ду кишвар бо ҳам дидор кунанд .

Ин мақоми собиқи ҷамоҳири Шуравӣ изофа кард:Дидори раисони ҷумҳӯрии Русияву Амрико зарурӣ аст.Муҳимтарин масъала дар ин бора ҷилавгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва иттиҳод барои парҳез аз ҷанг аст ва дар ин миён бояд тамоюли мо ба халъи силоҳи ҳастаеӣ ва тақвияти амният бошад .  

  Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии Амрико 21 ноябри соли гузаштаи милодӣ  хурӯҷи Вашингтон аз Паймони осмонҳои боз бо Русияро таъйид кард ва аз 22 ноябр расман аз ин паймон хориҷ шуд .

 Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ аз ин иқдоми Трамп ибрози таассуф карда ва умедворанд, ки Кохи Сафед дар ин маврид бознигарӣ кунад .

 

   Бештар бихонед :