Март 24, 2021 20:28 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Толибон ба тарҳи сулҳи раиси ҷумҳурии Афғонистон
    Вокуниши Толибон ба тарҳи сулҳи раиси ҷумҳурии Афғонистон

Толибон бо мушорикат дар нақшаи Ашраф Ғани барои баргузории интихоботи зудҳангом дар Афғонистон мухолифат кард.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон, сухангӯи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид таъкид кард бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳои интихоботи гузашта дар Афғонистон, ин гуруҳ ҳечгоҳ дар ин раванд мушорикат нахоҳад кард. 

Сухангӯи Толибон гуфт: "Натоиҷи интихоботи 20 соли гузаштаро дидаем. Мо ҳечгоҳ роҳҳоеро пеш намегирем, ки аз тариқи ришва ва таблиғот бо ҳадафи фиреби мардум ба пеш рафта ва ба шикаст мунтаҳӣ мешавад."

Тарҳи раиси ҷумҳури Афғонистон барои баргузории интихоботи зудҳангом, ки ба барқарории оташбас машрут шуда, қарор аст дар нишасти Истанбул ба унвони ҷойгузине барои тарҳи Амрико, ки бар иҷоди давлати муваққати интиқолӣ таъкид дорад, пешниҳод шавад.

Баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон барои моҳи апрел дар Истанбул барномарезӣ шудааст.

Бештар бихонед: 

Барчасп