Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико
(last modified Thu, 25 Mar 2021 15:00:48 GMT )
Март 25, 2021 20:00 Asia/Dushanbe
  • Ахиран Вашингтон бо ишора ба рафтори Пекин бо ақаллияти уйғур таҳримҳоеро алайҳи Чин ҷорӣ кард
    Ахиран Вашингтон бо ишора ба рафтори Пекин бо ақаллияти уйғур таҳримҳоеро алайҳи Чин ҷорӣ кард

Идораи иттилооти Шӯрои давлатии ҷумҳурии халқи Чин гузориши солонаи худро дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико дар соли 2020 мелодӣ мунташир кард.

Ба гузориши сайти Шӯрои давлатии Чин, дар ин гузориши 28 сафҳаӣ омадааст: Дар соли 2020 ноуҳдабароии Вашингтон дар маҳори ҳамагирии корона натоиҷи таассуфбореро дар пай дошт, беназмӣ дар демократияи Амрико ошӯбҳои сиёсиро мӯҷиб шуд, ҳамчунин ақаллиятҳои қавмӣ табъизи нажодиро таҷриба карданд ва нооромиҳои идомадори иҷтимоӣ амнияти умумиро дар Амрико таҳдид кард.

Ин гузориш дар идома тавваҷуҳро ба шикофи физояндаи ғаниву фақир дар Амрико ҷалб карда ва афзудааст: Иқдоми Амрико дар нодида гирифтани қавонини байналмилалӣ фоҷеаҳои инсониро боис шудааст.

Ҳадаф аз интишори ин гузориш таъкид бар меъёрҳои дугонаи Вашингтон дар баҳси ҳуқуқи башар эълом шудааст.

Чанг Чян, мудири маркази таҳқиқоти ҳуқуқи башари донишгоҳи Нонкой гуфт: “Мо бо интишори ин гузориш мехоҳем шароити воқеии ҳуқуқи башар дар Амрикоро нишон диҳем ва равшан кунем, ки Вашингтон вақте аз ҳуқуқи башар дар кишварҳои дигар ҳарф мезанад, ниятҳои сиёсии худро дунбол мекунад”.

Ин гузориш, ки ба мавориди мухталифи хушунати полис ва ҳамалот алайҳи осиёитаборҳои Амрико низ ишора кардааст, пас аз он мунташир мешавад, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш бо ишора ба рафтори Пекин бо ақаллияти уйғур дар Син Кёнг таҳримҳоеро алайҳи Чин эъмол карданд.

 

Бештар бихонед: