Русия дарҳояшро ба рӯи сайёҳони хориҷӣ боз кард
(last modified Sat, 27 Mar 2021 09:27:40 GMT )
Март 27, 2021 14:27 Asia/Dushanbe
  • Сафари туристҳои хориҷӣ ба Русия аз моҳи марти соли 2020 бо густариши корона дар ин кишвар мутаваққиф шуд
    Сафари туристҳои хориҷӣ ба Русия аз моҳи марти соли 2020 бо густариши корона дар ин кишвар мутаваққиф шуд

Бо коҳиши нисбии вазъи густариши бемории корона дар Русия, бархе маҳдудиятҳои эъмолшуда дар ин кишвар лағв шудааст ва гардишгарони хориҷӣ аз имрӯз метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, анҷумани тургардонони Русия рӯзи шанбе эълом кард: Имрӯз нахустин гурӯҳ аз гардишгарони хориҷӣ аз кишварҳои Мисру Иморот ба Русия сафар мекунанд ва як ширкати тургардони ҳиндӣ низ барои гурӯҳе аз сайёҳон меҳмонхона банд кардааст. 

Дар шароити кунунӣ сафари сайёҳони хориҷӣ ба Русия маҳдуд хоҳад буд ва ҷуз дар мавориди истисноӣ гурӯҳҳои бузурги гардишгарон ба ин кишвар сафар нахоҳанд кард. 

Сафари гардишгарони хориҷӣ ба Русия аз моҳи марти соли 2020 бо густариши вируси корона дар ин кишвар мутаваққиф шуд.

Дар ҳамин ҳол ситоди мубориза бо корона дар Русия рӯзи гузашта дар баёнияе эълом кард, ки аз рӯзи аввали моҳи аврел ( рӯзи панҷшанбе ) парвозҳои хориҷӣ байни Русия ва кишварҳои Тоҷикистон, Олмон, Венесуэла, Сурия, Узбакистон ва Шри Ланка аз сар гирифта мешавад. 

 Бар асоси охирин гузориши ситоди муқобила бо вируси корона дар Русия, дар шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 9 ҳазору 167 нафар ба бемории корона мубтало шуда ва 405 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷон супурдаанд.

 

Бештар бихонед: