Амрико: Дар ҳодисаи ҳастаӣ дар Эрон дахолат надоштем
Сухангӯи Кохи Сафед бидуни маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ ба сайти ҳастаӣ дар маркази Эрон, ҳар гуна дахолати Амрикоро дар ин ҳодиса рад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷен Псаки дар нишасти хабарии рӯзи душанбе дар посух ба саволе дар бораи харобкорӣ дар сайти ғанисозии таъсисоти ҳастаии Натанзи Эрон ва ин ки оё ин ҳодиса бар музокироти ҳастаӣ таъсир дорад ё не, гуфт: "Амрико ҳеч гуна дахолате дар ҳодисаи Натанз надоштааст ва намехоҳем ҳеч гумонзанӣ дар бораи сабаб, таъсирот ё масъули он матраҳ кунем."
Псаки илова кард: "Тамаркузи мо бар масири дипломатӣ аст ва дар бораи тағйир дар ҳузур ва раванди музокироти Вена дар рӯзи чоршанбе ҳеч нишонае дарёфт накардаем."
Бомдоди рӯзи якшанбе ҳодисае дар бахше аз шабакаи тавзеи барқи таъсисоти ғанисозии Натанз рух дод.
Раиси Созмони энержии атомии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ дар вокуниш ба ин ҳодиса онро терроризми ҳастаӣ хонд.
Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ҳам рӯзи душанбе дар нишасти комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон режими Исроилро ба харобкорӣ дар Натанз муттаҳам кард.
Таъсисоти ҳастаии Натанз дар гузашта низ ҳадафи ҳамлаи сойберии муштараки Амрико ва Исроил қарор гирифта буд.
Бештар бихонед: