Апрел 14, 2021 17:51 Asia/Dushanbe
  • Замони он фаро расидааст ки НАТО аз Афғонистон хориҷ шавад
    Замони он фаро расидааст ки НАТО аз Афғонистон хориҷ шавад

Раиси дастгоҳи дипломатии Амрико эълом кард, ки нерӯҳои НАТО низ хоки Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Ба гузориши ИРНА, пас аз он ки Вашингтон эълом кард, баъд аз ду даҳа қасд дорад ба тӯлонитарин ҷанги Амрико поён диҳад, Блинкен, вазири умури хориҷаи ин кишвар гуфта, замони он фаро расидааст, ки НАТО аз Афғонистон хориҷ шавад.

Ҳамчунин як мақоми амрикоӣ, ки хост номаш фош нашавад, рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфта буд, ки давлати Ҷо Байден то пеш аз ёздаҳуми сентябри имсол нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаро аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард.

Вай афзуд, ки Байден рӯзи чаҳоршанбе хуруҷи ҳамаи нерӯҳои амрикоиро эълом хоҳад кард ва фақат теъдоди маҳдуде барои ҳифозат аз марокизи дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.

Давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико феврали 2020 бо гурӯҳи Толибон ба тавофуқ расида буд то дар муқобили коҳиши хушунатҳо ва ҳимоят накардани Толибон аз Алқоида ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, ҳамаи нерӯҳои худро то авоили моҳи майи 2021 аз Афғонистон хориҷ кунад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп