Вокуниши Байден ба оғози ғанисозии 60 дарсадии уран дар Эрон
Раисҷумҳури Амрико бомдоди шанбе дар конфронси хабарӣ гуфт, ки оғози ғанисозии 60 дарсад дар Эрон бархилофи тавофуқи ҳастаӣ аст.
Ба нақл аз Форс, Ҷо Байден бомдоди шанбе бидуни ишора ба инки Амрико наздик ба чаҳор сол аст, ба таври мушаххас тавофуқи ҳастаӣ ва қатъномаи 2231-ро нақз кардааст, афзуд: “мо аз ин иқдом (ғанисозии 60 дарсад) ҳимоят намекунем ва фикр намекунем, ки ҳаракат ба сӯи ғанисозии 60 дарсад муфид бошад, аммо хурсанд ҳастем, ки Эрон ба тавофуқ дар мавриди музокирот идома додааст”.
Байден, ки дар конфронси хабарии муштарак бо нахуствазири Ҷопон дар Кохи Сафед суҳбат мекард, бо баёни инки иқдоми Эрон дар ғанисозии 60 дарсадии уран, ба музокироти Вена кумаке намекунад, гуфт, ки ҳануз зуд аст, дар бораи музокироти феълӣ бар сари эҳёи БАРҶОМ қазоват кард.
Сухангуи Кохи Сафед низ ҷумъа гуфт, ки Вашингтон гоми таҳрикбарангези Эрон дар ғанисозии уран то 60 дарсадро ҷиддӣ мегирад.
Ян Саки дар конфронси хабарии Кохи Сафед афзуд: “гоми ахири Эрон дар ҷиддияти ин кишвар дар музокирот тардид эҷод мекунад ва тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ бояд онро рад кунанд”.
Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазорати хориҷа ва музокиракунандаи аршади тими ҳастаии Эрон, ки барои ширкат дар Нишасти Комиссияи муштараки БАРҶОМ бо ҳузури Эрону гурӯҳи 1+4 дар Вена ҳузур дорад, баъд аз зуҳри сешанбе аз оғози ғанисозии 60 дарсадӣ дар таъсисоти ҳастаии Натанз хабар дод.
Бештар бихонед: