Ихроҷи дипломати ҷосуси украинӣ аз Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i65478-Ихроҷи_дипломати_ҷосуси_украинӣ_аз_Русия
Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз ихроҷи дипломати украинӣ аз ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Апрел 17, 2021 21:19 Asia/Dushanbe
  • Робитаҳои Русия ва Украина аз соли 2014 тира шудааст
    Робитаҳои Русия ва Украина аз соли 2014 тира шудааст

Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз ихроҷи дипломати украинӣ аз ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, вазорати хориҷаи Русия эълом кард, дипломати консулгарии Украина дар Санкт Петербург, ки Хадамоти амнияти федероли Русия уро ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт карда буд аз хоки Русия ихроҷ шуд.

Ин вазоратхона ҳамчунин кордори муваққати Украина дар Маскавро низ эҳзор карда ва дар бораи иқдомоти ғайриқонунии ин дипломати украинӣ ба Киев ҳушдор додааст.

Равобити Русияу Украина соли 2014 ва пас аз онки Маскав шибҳи ҷазираи Қримро бо баргузории як ҳамапурсӣ ба хоки худ замима кард, ногувор шуд.

Пас аз пайвастани Қрим ба Русия, Ғарб маҷмуае аз таҳримҳоро бар Маскав эъмол кард.

Бештар бихонед: