Апрел 25, 2021 10:28 Asia/Dushanbe
  • Дар паи ин ҳодиса се рӯз дар Ироқ азои умумӣ эълом шуд
    Дар паи ин ҳодиса се рӯз дар Ироқ азои умумӣ эълом шуд

Манобеи дармонӣ дар Ироқ хабар доданд, ки дар паи инфиҷори капсули оксиген дар бемористони мубталоён ба корона дар Бағдод дастикам 23 бемори мубтало ба корона ҷони худро аз даст доданд.

Ба нақл аз Ирно, ин ҳодиса дар бемористони Ибн-Алхатиби Бағдод, ки ба беморони коронаӣ ихтисос дорад, рух дод.

Бархе ахбор аз кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз кадри дармонии ин бемористон хабар доданд.

Дар паи ин ҳодиса се рӯз дар Ироқ азои умумӣ эълом шуд.

Бар асоси иттилооти аввалия, мавориди хафагии бисёре гузориш шудааст, аммо созмони дифои ғайринизомии Ироқ эълом кард, ки ин оташсузӣ дар нахустин сооти бомдоди якшанбе маҳор шуд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп