Трамп аз шабакаи иҷтимоии худ рӯнамоӣ кард
Раиси ҷумҳурии пешини Амрико дар рӯзҳои поёнии раёсаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳрим шуда буд, рӯзи сешанбе аз ифтитоҳи шабакаи иҷтимоии худ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам, Доналд Трамп шомгоҳи сешанбе аз роҳандозии шабакаи иҷтимоии худ бо номи From the Desk of Donald J. Trump хабар дод.
Трамп бо интишори видеои ин шабакаи иҷтимоии ҷадидро "маконе барои сӯҳбати озодона ва бехатар " тавсиф кард.
Вай бо хондани матне дар ин паёми видиёӣ гуфт: «Дар замони сукут ва дурӯғҳо, чароғе аз озодӣ сар бармеоварад.»
Бар асоси гузоришҳо, ин шабакаи иҷтимоӣ фурсатеро барои раисҷумҳури собиқи Амрико фароҳам меоварад то паёмҳо, тасовиру видеоҳоеро мунташир кунад, аммо дар он имкони посух додан барои боздидкунандагон фароҳам нашудааст ва иртиботи Трамп бо мухотабонаш як турфа аст.
Пас аз ҳамалоти маргбори рӯзи 6 январи 2021 тарафдорони Трамп ба Конгресс, шабакаҳои иҷтимоии Твиттер, Фейсбук, Инстограмм, Ютюб ва Снапчат тасмим гирифтанд ба далели истифодаи Трамп аз ин шабакаҳо барои таблиғи хушунат, тамоми сафҳаҳои раиси ҷумҳурии собиқи Амрикоро дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ бибанданд.
Дар ҳоле, ки имкон дорад сафҳаҳои Трамп дар Фейсбук ва Инстограмм аз ҳолати таълиқ хориҷ шавад, аммо шабакаи иҷтимоии Твиттер эълом кардааст, ки сафҳаи Трампро дар ин шабакаи иҷтимоӣ барои ҳамеша бастааст.
Бештар бихонед: