Май 16, 2021 17:54 Asia/Dushanbe
  • Мамониати коргарони итолиёӣ аз боргирии киштии ҳомили силоҳ ба Фаластини ишғолӣ
    Мамониати коргарони итолиёӣ аз боргирии киштии ҳомили силоҳ ба Фаластини ишғолӣ

Дар ҷараёни таҷовузоти ахири режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён, гурӯҳе аз коргарони як бандари итолиёӣ ба нишонаи ҳамбастагӣ бо фаластиниён монеъ аз боргирии киштии ҳомили силоҳ ба мақсади Фаластини ишғолӣ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, иттиҳодияи коргарони бандари Ливорно ( USB ) дар хусуси ин иқдом эълом кард: «Бандари Ливорно дар қатли оми мардуми Фаластин ҳамдастӣ намекунад». 

Бандари иттифоқи касабаи коргарони Ливорно аз тариқи гузориши "Дидабони таслеҳот"   созмони ғайриинтифоъӣ  Генуя, ки нозир  бар маҳмулаҳои таслеҳотӣ   дар бандарҳои Аврупо ва баҳри Миёназамин аз мақсад ва мӯҳтавоёти киштӣ огоҳ шуда буд. 

Созмони ғайриинтифоъии фавқ аз давлати Италия дархост карда буд, ки таълиқи бахше ё тамоми  содироти низомӣ ба манотиқи даргир  миёни фаластиниён ва саҳюнистҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад. 

Иттиҳодияи коргарони бандари Ливорно рӯзи гузашта ( шанбе ) низ ба нишонаи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин дар майдони Ливорно таҷаммӯъ карданду хостори таваққуфи фаврии бомбаборони Ғазза ва таваққуфи ғасби хонаҳои фаластинии тавассути саҳюнистҳо шуданд.

Аз авоили ҳафтаи гузашта, эътирозоте дар шаҳрҳои мухталифи Италия дар ҳимоят аз мардуми Фаластин баргузор шуд ва мардуми ин кишвари аврупоӣ хостори таваққуфи хушунатҳои саҳюнистҳо алайҳи фаластиниён шуданд. 


  
  Бештар бихонед:

Барчасп