Май 22, 2021 17:18 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни Амрико қарор аст то 11 сентябр хоки Афғонистонро тарк кунанд
    Низомиёни Амрико қарор аст то 11 сентябр хоки Афғонистонро тарк кунанд

Намояндагони демократи Амрико ифшо карданд, ки бо хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон 50 миллиарддоллар аз ҳазинаҳои артиши Иёлоти муттаҳида дар амалиёти бурӯнмарзӣ озод мешавад.

Ба гузориши ИРНА, дар номаи намояндагони демократ ба Байден омадааст, баровардҳо нишон медиҳад, ки бо хурӯҷи нерӯҳо аз Афғонистон ҳудӯди 50 миллиарддоллар озод мешавад ва ин буҷет метавонад ба ҷои ҳазина дар ҷангҳои хориҷӣ ба буҳрон бехонумонӣ дар Иёлоти муттаҳида поён диҳад.

Намояндагони демократ ҳамчунин аз Байден хостанд то аз пасандози молии ҳосил аз ақибнишинии комили низомии Амрико дар Афғонистон, ки қарор аст то 11 сентябр такмил шавад, барои аҳдофи созандаи иҷтимоӣ дар дохили кишвар истифода кунад. Артиши Амрико дар рӯзҳои гузашта бо афзоиши парвози болгардҳои худ бар фарози Кобул ва пойгоҳи ҳавоии Багром заминачинӣ барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистонро суръат бахшидааст.

Низомиёни Амрико қарор аст то рӯзи 11 сентябр, ки мусодиф бо бистумин солгарди ҳамалоти соли 2001 ба бурҷҳои Ню-Йорк ва Пентагон аст, хоки Афғонистонро тарк кунанд.

Дар даврони ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон аз соли 2001 токунӯн беш аз 2 ҳазор сарбози амрикоӣ кушта шуданд ва дар муқобил даҳҳо ҳазор афғон низ дар ин ҷанги 20 сола ҷони худро аз даст доданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп