Май 22, 2021 18:41 Asia/Dushanbe
  • Қрим дарвозаи дарёии Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамчунин Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст
    Қрим дарвозаи дарёии Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамчунин Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст

Як мақоми рус аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ) барои истифода аз банодири Қрим дар заминаи ҳамлу нақли бор даъват кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Георгий Мурадов, намояндаи доими раисиҷумҳури Русия дар Қрим дар ҳошияи аввалин ҳамоиши байналмилалии тиҷорӣ бо унвони «замони содирот» гуфт, Қрим аз фурсатҳои зиёде барои густариши равобити иқтисоди хориҷӣ бархӯрдор аст ва тавони ироаи пешниҳодҳои мунҳасир ба фарде дар заминаи содироти маводи аввалия дорад ва ҳамчунин ширкатҳои ин шибҳи ҷазира аз салоҳиятҳои вижае бархӯрдоранд.

Намояндаи доими раисиҷумҳурии Русия дар Қрим ҳамлу нақли бор аз тариқи банодири дарёиро аз дигар имтиёзоти тавсеъаи иқтисодии ин шибҳи ҷазира унвон кард ва аз Тоҷикистон,Узбекистон, Арманистон ваа Беларус барои истифода аз банодири Қрим даъват кард.

Муродоф изофа кард, Қрим на танҳо дарвозаи дарёии Федерасиюни Русия, балки тамоми кишварҳои ИДМ ва ҳамчунин Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст.

Тоҷикистону Узбекистон ба далели дастрасӣ надоштан ба дарё мушкилоти зиёдиро таҷриба мекунанд. Ин кишварҳо ҳамзамон чандин тарҳро барои густариши масирҳои тиҷории худ иҷро мекунанд, ки бузургроҳҳо аз тариқи Афғонистон ва роҳи оҳан ба Чин аз он ҷумла аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп