Октябр 26, 2016 20:33 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи раҳбарӣ: Эътилофи амрикоӣ ба суди терроризм аст ё зиёни он?

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидор бо раиси Шӯрои раёсатҷумҳурии Босния ва Ҳертсеговина таъкид карданд, эътилофи низомии Ғарб зидди терроризми воқеӣ ва ба дунболи решакан кардани он нест.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ асри сешанбе дар дидор бо Боқир Иззатбекович, раиси Шӯрои раёсатҷумҳурии Босния ва Ҳертсеговина тасреҳ карданд, агарчи мумкин аст, эътилофҳо дар мавориде бо террористҳо вориди ҷанг шаванд ҳам, аммо на дар Ироқ ва на дар Сурия ба дунболи воқеан решакан кардани терроризм  нестанд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, таҳқири ҷавонони мусалмон дар бархе кишварҳои сарватманду қудратманди аврупоӣ замина барои пайвастани онон ба гурӯҳҳои террористие чун ДИИШ мешавад.

Решаи шаклҳои мухталифи терроризми физоянда дар минтақаи ғарби Осиё ба сиёсати бархе кишварҳои ғарбӣ, бавижа Амрико бармегардад. Далелу манобеи мувассақ, аз ҷумла китоби хотироти Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба сиёсати оташафрӯзона ва террористпарвари бархе давлатҳои ғарбӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамалоти террористии 11 сентябри соли 2001 сиёсати Амрикоро дигаргун кард ва баҳонаи ҷангафрӯзию лашкаркшии ин кишвар ба Афғонистону Ироқ шуда, ин таҷовузгарӣ дар ноамнию густариши терроризм нақши таъйинкунандае доштааст. Сиёсатмадорону низомиёни амрикоӣ пас аз таҳаввулоти 11 сентябр ҳамлаи пешдастона ба террористҳоро тазминкунандаи амнияти милли Амрико арзёбӣ карданд. Ба ибораи дигар ҳамлаи террористӣ ба қалби Ню-Йорк мабнои оташафрӯзии ҷадиде дар минтақаи ғарби Осиё шуд.

Ҷанге, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистону Ироқ ба номи терроризм оғоз карданд, натанҳо ин падидаи шумро реша‎кан накард, балки тухми терроризмро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, бавижа минтақаи Ховари Миёна кошт. Агарчи манотиқи арабӣ ба зоҳир зодгоҳи падидаи терроризм буда, аммо сиёсати Ҳукумати Амрико ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ дар 15 соли ахир омили аслии густариши терроризм аст. Лашкаркшии Амрико ба Ироқ бо баҳонаи аз байн бурдани режими хатарноки Садом, агарчи ин режимро нобуд кард, аммо сиёсати Амрико дар Ироқ фурсати рушди гурӯҳи террористи ДИИШ-ро фароҳам намуд. Амрикоиҳо дар солҳои ишғоли Ироқ Абубакри Бағдодӣ, саркардаи кунунии ДИИШ-ро, ки дар ин кишвар зиндонӣ буд, озод карданд ва бо ин иқдом замина барои эҷоди терроризми ДИИШ дар Ироқ ва сипас Сурия фароҳам шуд. Бо нерӯ гирифтани терроризми ДИИШ ин гурӯҳ бо одамкушҳояш аз саросари ҷаҳон ҳадду марзе барои худ қоил нашуд ва таҳаррукоташро фароминтақаӣ таъриф кард. Ин иқдоми ДИИШ сояи ваҳшатро дар ҷаҳон густарда кард. Мавҷи рӯзафзуни терроризми диишӣ Ғарбро, албатта ба саркардагии Амрико водошт, то эътилофи зиддидиишӣ эҷод кунад. Ин эътилоф соли 2014 амалиёти худро шурӯъ кард, аммо мурури амалкарди эътилофи амрикоии зидди ДИИШ нофаҳмиҳоеро дар ҳадафи воқеии он дар ҷанг бо терроризм дучандон кардааст. Ҳадаф қарор гирифтани аҳдофи номушаххас дар Ироқу Сурия ва партоби маҳмулаҳои силоҳ барои пайравони ДИИШ дар манотиқи мухталифи Ироқ  бахше аз нофаҳмиҳо дар робита ба нақши воқеии эътилофи амрикоӣ дар ҷанг бо терроризм аст.

Терроризме, ки эътилофи амрикоӣ муддаии мубориза бо он аст, дар сояи ин эътилоф ба Аврупо низ сироят карда, "ваҳшати мудовим" ҷойгузини рӯёи "оромиши пойдор" дар кишварҳои аврупоӣ шудааст. Рӯйкарди дугонаи Ғарб дар мубориза бо терроризм дар Сурия ва Ироқ баёнгари ин аст, ки эътилофи низомии зиддитеррористии Ғарб ба саркардагии Амрико ба дунболи комилан решакан кардани ин падидаи шум нест.