Май 28, 2021 19:53 Asia/Dushanbe

Дар 48 соати ахир дар Туркия 15 фарди гумонбар ба узвият дар гурӯҳҳои террористии ДИИШ, Ҷабҳат ан-Нусра ва Ҳизб-ут-Таҳрир аш-Шом дар Истамбул ва Анқараи Туркия боздошт шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, як манбаи амниятии Туркия эълом кард: "Афроди боздоштшуда бо террористҳои ҳозир дар манотиқи даргир дар Ироқ ва Сурия дар иртибот буданд ва барои амалиёти террористӣ дар Туркия барномарезӣ мекарданд."

Дар солҳои 2015 то 2017 гурӯҳи террористии ДИИШ 9 амалиёти интиҳории хунин дар шаҳрҳои Истанбул, Анкара ва Ғозӣ Антеп анҷом додааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп