Аввалин гуфтугӯи Байден бо нахуствазири ҷадиди режимим саҳюнистӣ
(last modified Mon, 14 Jun 2021 08:35:09 GMT )
Июн 14, 2021 13:35 Asia/Dushanbe
  • Аввалин гуфтугӯи Байден бо нахуствазири ҷадиди режимим саҳюнистӣ
    Аввалин гуфтугӯи Байден бо нахуствазири ҷадиди режимим саҳюнистӣ

Кохи Сафед аз тамоси телефонӣ байни нахуствазири ҷадиди режими саҳюнистӣ ва раиси ҷумҳурии Амрико хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар тӯли чанд соат пас аз интихоби Нафталӣ Беннетт ба унвони сарвазири режими саҳюнистӣ, Кохи Сафед эълом кард, ки бо президенти Амрико Ҷо Байден тариқи телефон гуфтугӯ кардааст.

Бар асоси баёнияи Кохи Сафед, Байден дар ин тамоси телефонӣ мувофиқат кард, ки дар бораи ҳамаи масоили марбут ба минтақаи ғарби Осиё бо Нафталӣ Беннетт  ройзанӣ кунад.

Байден дар идомаи ин гуфтӯ зимни табрик ба Беннет барои пирӯзӣ дар интихоботи режими саҳюнистӣ бар таъаҳҳуди чанд даҳаии худ барои ҳимоят аз иттиҳоди Исроил ва Амрико ва ҳамчунин тазмини амнияти Исроил таъкид кард.

Ба дунболи барканории «Бинямин натаняҳу» аз қудрат дар режими саҳюнистӣ, «Энтони Блинкен» вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки Вашингтон барои пешбурди он чӣ вай сулҳ дар минтақа мехонд, ба ҳамкорӣ бо Тел-Авив идома хоҳад дод ва дар тааҳҳудаш нисбат ба таъмини амнияти ин режим собитқадам хоҳад буд.

Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки мо аз давлати ҷадид дар Исроил ба гармӣ истиқбол мекунем ва мунтазири ҳамкории наздик бо  Нафталӣ Беннет - Яир Лапид ҳастем.

Порлумони режими саҳюнистӣ пас аз даргирӣ ва танишҳои бисёр дар ниҳоят бо 60 раъйи мувофиқ дар баробари 59 раъйи мухолиф ба кобинаи ҷадиди ин режим ба раҳбарии Нафталӣ Беннет  ва  Яир Лапид раъйи эътимод дод.

Кобинаи беннет - Лопид  шаби якшанбе раъйи эътимод ба порлумонро ба даст овард ва ба раёсати 12-солаи президентии Бенямин Нетаняҳу хотима бахшид.

Раҳбари Ямина Беннетт то соли 2023 сарвазир хоҳад буд ва пас аз он раҳбари ҳизбаш Лапид ба мақоми сарвазир хоҳад гузашт.

 

Бештар бихонед: