Паёми табрикии раиси олитарин ниҳоди исломии Русия ба Иброҳими Раисӣ
(last modified Sun, 20 Jun 2021 15:41:31 GMT )
Июн 20, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси олитарин ниҳоди исломии Русия ба Иброҳими Раисӣ

Раиси Шӯрои муфтиҳои Русия (олитарин ниҳоди исломии ин кишвар) пирӯзии Сайид Иброҳими Раисӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро табрик гуфт.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Шайх Равил Ғайнутдин, раиси Шӯрои муфтиҳои Русия (олитарин ниҳоди исломии ин кишвар) дар паёме зимни табрики пирӯзии Иброҳими Раисӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, аз тарафи мусулмонони Русия ибрози умедворӣ кард, ки рӯйкарди тақвияти равобити дуҷониба дар тамоми сутӯҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ идома ёбад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, номзадҳои сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, дар интихоботе, ки рӯзи ҷумъаи 28 хурдод баргузор шуд, муваффақ ба касби беш аз 17 миллиону 926 ҳазор раъй шуд ва ба унвони ҳаштумин раиси ҷумҳурии Эрон аз сӯйи мардум интихоб шуд.

 

Бештар бихонед: