Июн 28, 2021 13:22 Asia/Dushanbe
  • Раиси Думаи Русия: Ҳодисаи киштии Бритониё нангин буд
    Раиси Думаи Русия: Ҳодисаи киштии Бритониё нангин буд

Раиси Думаи Русия Вячеслав Володин дар мавриди вуруди ғайриқонунии киштии Британия ба обҳои Русия дар баҳри Сиёҳ гуфт: Ин ҳодиса барои Бритониё нанговар буд.

Володин рӯзи якшанбе дар канали худ дар шабакаи Телеграмм навишт: Паёмадҳои ҳодисаи киштии англисӣ мумкин буд бисёр ҳавлнок бошад.

Ба гуфта раиси Думаи Русия, иқдоми таҳрикомез алайҳи қудрати дорои силоҳи ҳастаӣ амнияти кулли ҷаҳонро ба хатар меандозад.

Расонаҳои Русия рӯзи чаҳоршанбеи 23 июн гузориш доданд, ки киштии ҷангии Русия ва як ҳавопаймои ҷангии Сухой-24М ба сӯи як киштии Бритониё дар Баҳри Сиёҳ, ки ҷониби Русия иддао кардааст, ба обҳои ҳудуди Русия тир холӣ кардаанд.

Ин ҳодиса дар наздикии Кейп Фуленти обҳои ҳудудии Русия дар соҳили нимҷазираи Қрим, вақте рух дод, ки як ҳавопаймои ҷангии Русия ба киштии Бритониё тақрибан се километр ба обҳои Русия чаҳор мушак партоб кард.

Володин дар идома навишт: Хуб шуд, ки ҳодисаи вуруди ғайриқонунии киштии англисӣ ба обҳои сарзаминии Русия бидуни паёмадҳои дарднок буд, аммо ин ҳодиса  ҷуз  нанг  ҳеч натиҷаи дигаре барои Англис надошт.

Дебора Брунерт, сафири Бритониё дар Маскав, пас аз амали новшикани Defender ва ҳамла ба фазои ҳавоии Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карда шуд.

Мария захарова сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Русия дар ин робита эълом кард, ки вуруди нови англисӣ ба ҳарими дарёии мо дар Баҳри Сиёҳ  таҷовузии таҳрикомез ва нақзи қавонини байналмилалист.

Вай гуфт: Дар робита бо таҷовузи нови англисии Дефендер ба қаламрави дарёии Русия дар Баҳри Сиёҳ,сафири Англис ба Вазорати хориҷаи Русия эҳзор шуд.

Захарова дирӯз низ гуфт, ки Бритониё ба ин иғвогарии бешармона посухи ҳамаҷониба хоҳад гирифт.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, иқдоми новшикан (эсминеҷи) Бритониё дар Баҳри Сиёҳ қасдан буд ва метавонад боиси танишҳо шавад.

 

Барчасп