Июн 29, 2021 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Нигерия то кунун бо баҳонаҳои мухталиф озодии Шайх Закзаки ва ҳамсарашро манъ кардааст
    Ҳукумати Нигерия то кунун бо баҳонаҳои мухталиф озодии Шайх Закзаки ва ҳамсарашро манъ кардааст

Мардуми Нигерия бори дигар дар пойтахт Абуҷа тазоҳурот карда, талаб карданд, ки раҳбари Ҳаракати Исломии Нигерия Шайх Иброҳим Закзакӣ озод карда шавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс,мардуми Нигерия бо сар додани шиорҳое, тадовуми боздошти Шайх Закзакӣ ва ҳамсарашро маҳкум карданд.

Ҳозирон дар ин тазоҳурот, аз ҷумла  бонувон ва ҷавонон бо дар даст  доштани плакатҳо ва тасовире аз Шайхи Закзакӣ ҳимояти худро аз Раҳбари ҷумбиши исломии ин кишвар эълом карданд.

Шайх Иброҳими Закзакӣ ва ҳамсараш  13 декабри 2015 дар ҳамлаи низомиёни Нигерия ба ҳусейнияе дар шаҳри "Зориа" Zaria боздошт шуданд. Нерӯҳои артиши Нигерия дар рӯзи боздошти Шайх Закзакӣ бо тирандозӣ ба сӯи  таҷаммӯъкунандагон дар баробари ҳусейния ва манзили вай, садҳо нафар, аз ҷумла  се фарзанди Шайх Закзакиро ба шаҳодат расонанд.

Давлати Нигерия токунун аз озодии Шайх Закзакӣ ва ҳамсараш ба баҳонаҳои гуногун ҷилавгирӣ кардааст ва ҳатто ба вай имкони дастрасӣ ба хадамоти дармониро надодааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп