Июн 29, 2021 10:06 Asia/Dushanbe
  • 292 коҳинони Лаҳистон ба таҷовузи кӯдакон айбдор карда шуданд
    292 коҳинони Лаҳистон ба таҷовузи кӯдакон айбдор карда шуданд

Калисои католикии Полша рӯзи душанбе дар гузориши ахири худ дар бораи таҷовузи ҷинсии кӯдакон 292 коҳинонро ба сӯиистифода аз 368 духтар ва писари ноболиғ аз соли 2018 то 2020 айбдор кард.

Ба гузориши ИРНА, ин гузориш дар ҳоле мунташир шудааст, ки Ватикан  саргарми таҳқиқ дар бораи иттиҳоми бадрафторӣ ва бетафовутии сарони килисои Полша ба чунин рухдодҳое аст.

Ватикан ахиран чанд усқуф (эпископ) ва архиепископи лаҳистониро барои хунукназарӣ муҷозот кард ва баргузории маросими мазҳабиро дар калисо манъ кард.

Дар нахустин гузориши марбут ба калисои католики Полша, дар солҳои 1990 то 2018 милодӣ, 383 коҳини муттаҳам ба бадрафторӣ бо 625 фарди хурдсол ва поинтар аз синни қонунӣ шуда буданд, ки номи 42 тан аз онҳо дар тозатарин гузориши дафтари омори килисо низ ба чашм мехурад.

Ватикан дар солҳои ахир ба шакли густардае бо падидаи фасоди ахлоқии коҳинон ва дигари мақомоти худ мувоҷеҳ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп