Июн 30, 2021 12:26 Asia/Dushanbe
  • Созмони ҷаҳонии беҳдошт: афроде, ки ваксина задаанд ҳам ниқоб бизананд

Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавсия кард, афроде ҳам, ки ба таври комил ваксина шудаанд барои ҷилавгирӣ аз интишори сӯяи делтаии вируси корона, ниқоб бизананд.

Тедрос Аданом, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт (WHO) дар як конфронси хабарӣ гуфт, густариши мавориди ибтило ба сӯяи ҷадид « зарурати истифода аз тамомии абзорҳои мавҷӯдро ҷаддӣ тар мекунад ва бояд афрод ба сойири тавсияҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз интишори сӯяи делтаии вӣрӯси корона амал кунанд .

Ин дар ҳоле аст, ки «Маркази кантрол ва пешгирӣ аз бемориҳо» дар Амрико дар моҳи май тавсия кард, афроде, ки ваксина шудаанд, ниёзе ба пӯшидани ниқоб ё ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ бо дигарон надоранд.

Вируси коронаӣ "Делта " ё “б” - 1 . 617 . 2 ҳамон вириси ҷаҳишёфта аст, ки барои аввалин бор дар Ҳинд шиносоӣ шуд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз тӯҳмат задан ба кишварҳое, ки анвоъи ҷаҳишёфтаи вируси корона дар онҷо шиносоӣ шуда, тасмим гирифт то ба ҷои номи пешин аз ҳуруфи алифбои юнонӣ барои номгузории вирусҳо истифода кунад.

Бар ин асос номи вируси “B . 1 . 1 . 7”, ки барои нахустин бор дар Британия шиносоӣ шуд, "Алфа" ва вируси B .1. 351, ки барои аввалин бор дар Африқои Ҷанубӣ дида шуд, "Бета" хонда мешавад. P.1 ҳам "Гама" ва B . 1 . 617 . 2 Ҳинд ҳам "Делта" номгузорӣ шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп