Июл 14, 2021 14:22 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли НАТО қудрати дифои мушакӣ ва фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эронро нигаронкунанда хонд
    Дабири кулли НАТО қудрати дифои мушакӣ ва фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эронро нигаронкунанда хонд

Йенс Столтенберг- дабири кулли НАТО дар дидор бо Яир Лапид-вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ дар Брюссел дар изҳороти беасос дар бораи тавони дифоӣ ва силоҳҳоии Эрон бидуни ишора ба таҳдидҳои ҳастаии Исроил барои минтақа ва ҷаҳон қудрати дифои мушакӣ ва фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эронро нигаронкунанда хонд .

Дабири кулли созмони паймони Атлантикаи шимолӣ ( НАТО ) дар дидори рӯзи 12 июл дар ҳоле Эронро ба бесуботсозии минтақа муттаҳам кард, ки ишғолгарӣ ва беаҳдии режими саҳюнистӣ ба Паймони манъи таслеҳоти атомӣ ва созу корҳои халъи силоҳ  ба нигаронии аслии минтақа табдил шудааст .
Бархилофи изҳороти дабири кулли НАТО мутобиқи гузоришҳои Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳамаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон сулҳомез ва таҳти назорати ожонс аст. Ҷумҳӯрии исломии Эрон бар асоси эътиқодоти динӣ ва пайбандӣ ба таъаҳҳудоти байналмиллалӣ ҳеч гоҳ ба дунболи дастёбӣ ба силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва ҳастаӣ набуда ва онро ҳаром медонад .
Дар воқеъ иддаоҳои матраҳшуда аз сӯи  Йенс Столтенберг такрори иттиҳомоти беасоси мақомоти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни амрикоии онҳо алайҳи Эрон аст, ки мекӯшанд аҳдофи худро бо сиёсатҳои фарофиканона пинҳон кунанд.
Дабири кулли НАТО дар ҳоле ин иттиҳомҳои нодурустро алайҳи Эрон матраҳ кардааст, ки нақши НАТО бархилофи маъмуриятҳои ба душаш буда   дар дифо аз манофеъи кишварҳои узв ва ҳифзи суботу амнияти минтақа бо суолоту норушаниҳои зиёде  рӯбарӯ аст .
Муҳаммадризо Наврӯзпур
-коршиноси масойили сиёсӣ ба ин нукта ишора дорад, ки НАТО бояд қабл аз насиҳатгӯӣ  ба дигарон мавқеъияту эътибори аз дастрафтаи худ дар натиҷаи ҳамдастӣ дар ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон ва манотиқи дигарро беҳбуд бахшад .
Ҳамон гуна, ки дар баёнияи сафорати Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Брюссел дар посух ба изҳороти дабири кулли НАТО тасреҳ шудааст: Ин изҳорот гумроҳкунанда ва инҳирофи ғайримасъулонаи воқеиятҳо аст, ки ба афзоиши эътибори иддаои дабири кулли НАТО кумаке намекунад .
Дар ҳоли ҳозир ва бо гузашти 20 сол аз лашкаркашии Амрико ва НАТО ба Афғонистон, ин кишвар ҳамчунон аз ҷангу хушунат ва ноамнӣ ва қочоқи маводи мухаддир ранҷ мебарад. Вазъияти Афғонистону Ироқ танҳо як намуна аз амалкарди ин паймони низомӣ аст . Сиёсатҳои НАТО дар минтақа дасти кам таи ду даҳаи ахир яке аз  сабабҳои аслии тарвиҷи ноамнӣ ва хушунат дар минтақа будааст . Сарони НАТО дар нишасти Лиссабон дар соли 2010 аҳдофи 10 соли ояндаи НАТО-ро тадвин карданд . Меҳвари аслии санади мазкур эъломи дубораи таъаҳҳуди НАТО ба « амнияти ҷамъӣ » буд . Ин созмон аммо дар баробари буҳронҳои Сурияву Ироқ ва муқобила бо тероризм, буҳрони паноҳҷуён, бесуботии сиёсӣ ва ҷиноёти созмонёфта натавонист короии чандоне дошта бошад .
Дар воқеъ агар вуруди саривақтии Эрон ба арсаи муқобила бо террористҳои ДИИШ-ӣ дар Сурия ва Ироқ набуд, қатъан кишварҳои узви НАТО имрӯз вазъияти дигаре доштанд . Аз нигоҳи Ҷумҳӯрии исломии Эрон танҳо роҳи муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ такя кардан бар зарфиятҳои дарунминтақаӣ аст. Ин ҳамон воқеияте аст, ки Ғарб ва НАТО-ро нигарон мекунад . Дар мавзӯи Барҷом ва таъаҳҳудоти ҳастаӣ низ бояд гуфт, ки Эрон ба унвони як узви мутаъаҳҳиду пойбанд ба муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва конвенсияи силоҳҳои биологӣ бениёз аз тавсияҳои НАТО аст ва ба таври комил онҳоро иҷро мекунад. Воқеияти инкорнопазир аммо ин аст, ки режими ишғолгари саҳюнистӣ бо дар ихтиёр доштани ҳудуди 300 кулоҳаки атомӣ ва худдорӣ аз имзои муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (INPT) таҳдиди воқеӣ барои амнияти минтақа аст . Ин таҳдид натиҷаи ҳимоятҳои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ва дугонагиҳои сиёсӣ аст, ки дар изҳороти дабири кулли НАТО низ ошкор аст .


Бештар бихонед :

Барчасп