Ҳимояти Русия аз пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай
-
Русия аз пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят кард.
Русия аз пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати эъзомии Русия дар иҷлоси вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбеи Тоҷикистон эълом кард, ки бо тавваҷӯҳ ба чашмандози тавсеъаи Созмони Ҳамкории Шанхай, бояд аз дархости Эрон барои пайвастан ба ин созмон ҳимоят кард.
Яке аз мақомоти ҳайати эъзомии Русия ба иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе бо эъломи инки густариши Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба сурати тадриҷӣ анҷом гирад ва тавозун миёни теъдоди кишварҳои узв, кишварҳои нозир ва шурако гуфтугӯ ҳифз шавад, тасреҳ кард: «Мо ба ин натиҷа расидаем, ки акнун замони бисёр муносибе барои ҳимоят аз дархости узвияти Эрон дар ин созмон аст.
Созмони Ҳамкории Шанхай ( SCO ) дар ҳоли ҳозир 8 узв дорад, ки дар байни онҳо номи кишварҳои Чин, Ҳинд ва Русияи, ки дар зумраи бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон қарор доранд, дида мешавад.
Эрон ба ҳамроҳи 3 кишвари дигар дар ҳоли ҳозири ҷузви кишварҳои нозири Созмони Ҳамкории Шанхай аст.
Бештар бихонед: