Афзоиши 30 дарсадии маргу мири ношӣ аз масрафи маводи мухаддир дар Амрико
(last modified 2021-07-18T12:23:04+00:00 )
Июл 18, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 30 дарсадии маргу мири ношӣ аз масрафи маводи мухаддир дар Амрико
    Афзоиши 30 дарсадии маргу мири ношӣ аз масрафи маводи мухаддир дар Амрико

Омори маргу мири ношӣ аз масрафи маводи мухаддир дар Амрико дар соли 2020, 30 дарсад дар қиёс бо соли 2019 афзоиш ёфтааст, ки рекорди ҷадиде дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ҷадидтарин омори маркази пешгирӣ ва кантроли бемориҳои Амрико нишон медиҳад, ки дар соли 2020 беш аз 93 ҳазор нафар бар асари масрафи беш аз ҳадди маводи мухаддир дар ин кишвар ҷон бохтанд, ки ин омор  нисбат ба соли 2019, 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бино бар эъломи маркази пешгирӣ ва кантроли бемориҳои Амрико,  теъдоди ҷонбохтгони масраф беш аз ҳадди маводи мухаддир дар 10 иёлати Вермонт, Королинаи ҷанубӣ,  Вирҷинияии ғарбӣ,  Луизиана, Калифорния, Теннеси, Небраска, Арканзас ва Вирҷиния аз соли 2019 ҳадди аққал 40 фоиз афзудааст.

Омори ҷадиди маргу мири ношӣ аз масрафи маводи мухаддир дар Амрико токунун собиқа надошта ва бештарин  мизони афзоиши яксола дар 22 соли ахирро низ рақам задааст.

Пеш аз соли 2016, героин  қотили аслии амрикоиҳо масрафкунанда мавод мухаддир буд, аммо аз он сол токунун ҷои худро ба модаи мухаддири саноатии фентанил дода ки 50 то 100 баробар қавитар аз морфин аст.

Барчасп