Июл 20, 2021 17:52 Asia/Dushanbe
  • Путин ва Тоқаев Иди Қурбонро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфтанд

Раисони ҷумҳури Русия ва Қазоқистон фаро расидани Иди  Қурбонро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфтанд.

Владимир Путин бо ишора ба инки Иди Қурбон реша дар таърих дорад гуфт, ин иди бузург муъминонро ба хостгоҳи бунёдини инсоният, арзишҳо, решаҳои ислом, раҳмат, адолат, тақво ва нигариши дақиқ ва самимона ба атрофиён даъват мекунад .

Вай афзуд, чунин ормонҳои ахлоқӣ ва инсонии воло, ки мабнои ҳамаи адёни илоҳӣ аст, ба унвони як нерӯи муттаҳид ва қудратман  ба тақвияти ваҳдати ақвом дар ҷомеъа ва ҳифзи танаввуъи фарҳангии суннатҳои асили башар кумак мекунад.

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон низ дар паёме фаро расидани Иди Саиди Қурбонро ба ҳамватанони худ ва мусулмонони ҷаҳон табрик гуфт.

Дар ин паём бар раҳмат, шафқат, меҳрбонӣ ва инсондӯстӣ, ки аз сифоти мусулмонон аст, таъкид шудааст.

Ҳамчунин Нурсултон Назарбоев, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон ҳам дар паёми табрики худ арзишҳои ахлоқӣ, маънавӣ, тақвияти ваҳдату эҳтиром байни афрод аз миллиятҳо ва мазоҳиби мухталифро мавриди тавваҷуҳ қарор дод ва бар анҷоми корҳои хуб, тақвияти  маънавият ва кумак ба ниёзмандон, ки намоде аз хубӣ, тақвияти сулҳу ҳамоҳангӣ дар кишвар аст, таъкид кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп