Дархости Амрико аз бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муваққатан ҷо додани паноҳандагони афғонистонӣ
(last modified 2021-07-23T14:59:41+00:00 )
Июл 23, 2021 19:59 Asia/Dushanbe
  • Дархости Амрико аз бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муваққатан ҷо додани паноҳандагони афғонистонӣ

Амрико аз мақомоти Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хостааст, ҳудуди 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро муваққатан бипазиранд.

Ба гузориши “Рейтерс”, Амрико аз мақомоти ин кишварҳо дархост кардааст то муҳоҷирони афғонистониро муваққатан ҷо диҳанд то раводиди онҳо барои сафар ба Амрико содир шавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар миёни паноҳандагони афғонистонӣ афроде ҳастанд, ки пеш аз ин бо нерӯҳои амрикоӣ ва ғарбӣ ҳамкорӣ мекарданд ва акнун бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ аз Афғонистон, бо таҳдиди ҷонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико чанд ҳафта пеш эълом кард, маъмурияти нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон то 31 август (9 шаҳривар) хотима меёбад.

Ҳамзамон бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, шибҳинизомиёни гурӯҳи Толибон низ ба ҳамалоти худ афзуда ва дар ҳафтаҳои гузашта манотиқи васеъеро ба контроли худ даровардаанд.

То кунун Қазоқистон ва Тоҷикистон ба дархости мақомоти амрикоӣ посухе надодаанд.

Исматуллоҳ Иргашев, намояндаи вижаи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон, аввалин мақом дар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки ин масъаларо ошкор кард.

Вай гуфт: Ин як масъалаи бисёр ҳассосу ҷиддӣ барои Узбакистон аст ва наметавон зуд дар мавриди он тасмимгирӣ кард.

Ӯ афзуд: Узбакистон Конвенсияи 1951 Созмони Милал дар мавриди муҳоҷиронро имзо накардааст, дар ҳоле, ки дар қавонуни Узбакистон низ табсирае барои эътои вазъияти муҳоҷир ба касе дар назар гирифта нашудааст.

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон изофа кард: Бинобарин бо тавваҷуҳ ба авомили дохилӣ ва хориҷӣ, ҳеч пояи қонунӣ барои паноҳ додан ба шаҳрвандони афғонистонии ҳамкори Амрико дар хоки мо вуҷуд надорад.

Ҳудуди 100 ҳазор афғонистонӣ дорои шароити муҳоҷират ба Амрико ҳастанд.

 

 

Барчасп