Июл 25, 2021 18:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар қудрати низомии Русия
    Таъкиди Путин бар қудрати низомии Русия

Раиси ҷумҳурии Русия дар маросими режаи Нерӯи баҳрии ин кишвар таъкид кард, Маскав доиман ва ба таври муваффақ таслеҳот ва таҷҳизоти баҳрии худро тавсеа додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, «Владимир Путин » рӯзи якшанбе дар Санкт- Петербург ва дар маросими режаи баҳрӣ ба муносибати сесаду бисту панҷумин солгарди таъсиси новгони дарёии Русия, гуфт: Маскав доимо ва ба таври муваффақ таслеҳот ва таҷҳизоти баҳрии худро тавсеъа дода ва қодир аст ҳар душманеро шиносоӣ кунад ва дар сурати лузум як ҳамлаи иҷтинобнопазир ба он сурат диҳад.

Раиси Ҷумҳурии Русияи афзуд: Русия дар камтарини замони мумкини ҷойгоҳи арзишманде дар миёни қудратҳои пешрави баҳрӣ ба даст оварда ва дастовардҳои худро аз як қойиқи кӯчак ба новҳои уқёнуси Паймо ва новҳои муҷаҳҳази атомӣ бо мушакҳои крузи зердарёӣ иртиқо додааст.

Дар маросими режаи баҳрии нерӯии баҳрии Русия ду нови эронии Саҳанд ва Макрон ба ҳамроҳи адмирал «Ҳусейни Хонзодӣ » фармондеҳи нерӯии дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва «Козими Ҷалолӣ » сафири Эрон дар Маскав низ ба унвони меҳмонони вижа ҳузур доранд.

Дар паради ҳарбии баҳрии Санкт-Петербург беш аз 4000 нафар пиёдагардони Русия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон низ ба ҳайси ҷузъу томҳо фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп