Июл 27, 2021 15:22 Asia/Dushanbe
  • Вазорати дифои Туркия бо судури баёнияе, бар идомаи амалиёти низомии худ дар хоки Сурия таъкид кард
    Вазорати дифои Туркия бо судури баёнияе, бар идомаи амалиёти низомии худ дар хоки Сурия таъкид кард

Бо вуҷуди шикасти ҷараёнҳои такфирӣ - террористӣ дар Сурия, мақомҳои Анкара ҳамчунон бар ҳузури низомӣ дар заминҳои Сурия таъкид мекунанд.

Дар ин иртибот, Вазорати дифои Туркия бо судури баёнияе, бар идомаи амалиёти низомии худ дар хоки Сурия таъкид кард.

Дар баёнияи Вазорати дифои Туркия омадааст: Амалиёти “Сипари Фурот”, ки тавассути Нерӯҳои мусаллаҳи Туркия дар Сурия алайҳи афроди мусаллаҳу шибҳинизомиёни курди мухолифи давлати Анкара тадорук дида шудааст, ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Ҷадидтарин баёнияи Вазорати дифои Туркия нишон медиҳад, ки мақомҳои Анкара қасди хуруҷ аз заминҳои Сурияро надоранд. Дар воқеъ, давлати Димишқ ва мардуми Сурия ё бояд бо қудрати низомии бартар низомиёни туркро аз заминҳои худ берун кунанд ва ё ин ки ин мавзуъ бояд дар ҷомеаи байналмилалӣ ва фишорҳои ниҳоде назири Шӯрои амнияти Созмони Милал хотима ёбад.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ҷараёни террористии ДИИШ моҳҳост, ки ҷуғрофиёи сарзаминии Сурия ва ҳатто Ироқро аз даст додаанд.

Пеш аз ин бисёре аз маҳофили сиёсии минтақаву ҷаҳон талошҳои мақомҳои Туркия ба манзури ҳузури низомӣ дар заминҳои Сурияро ба эҳёи ҷараёни террористии ДИИШ муртабит арзёбӣ мекарданд. Аммо акнун бархе таҳлилҳо нишондиҳандаи он аст, ки мақомҳои давлати Эрдуғон талош мекунанд аз аъзои ҷараёни террористии ДИИШ дар ҷанг алайҳи Русия баҳрабардорӣ кунанд.

Ба унвони мисол, дар ин замина Дейвид Алҳаннон, як коршиноси сиёсии араб муътақид аст: “Созмони амнияти миллии Туркия фаъолиятҳои тозае ба манзури сарбозгирӣ дар вилояти Идлиби Сурия ва интиқоли онҳо ба шарқи Украина дар ояндаи наздик дар дастури кор қарор додааст. Интизор меравад дастикам 7 ҳазор тан аз муздурони мустақар дар Сурия тавассути Туркия ба Украина мунтақил шаванд”.

Ба ҳамин далел, чунин ба назар мерасад, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия бо анҷоми амалиёти мухталиф дар заминҳои Сурия, ҳамаи саъйи худро ба кор гирифтааст то ҷараёни террористии ДИИШ -ро дар ростои манофеи худ эҳё кунад.

Дар ин росто, фирорӣ додани аъзои ҷараёнҳои террористӣ аз боздоштгоҳҳои курдҳои сурӣ, назири урдӯгоҳи “Айн Исо”, дар шимоли Сурия, аз ҷумлаи аҳдофи давлати Туркия қаламдод мешавад.

Пойгоҳҳои низомии Туркия дар маҳдудаи урдугоҳ ё лагери “Айн Исо”, наздик ба 35 километрии марзи Сурияву Туркия қарор дорад. Ин лагер пеш аз ин маҳалли истиқрори наздик ба 12 ҳазор диишӣ, аз ҷумла занону кӯдакон маҳсуб мешуд. Аммо бо анҷоми чандин амалиёти низомии Туркия ва таҳаррукоти мақомҳои Анкара, дар чанд соли гузашта, шумори зиёде аз онҳо имкони фирор аз Сурияро ба даст оварданд.

Дар ҳақиқат, бояд гуфт, дар пайи оғози буҳрони дохилии Сурия ва набарди низомиёни ин кишвар бо гурӯҳҳои террористӣ, давлати Туркия бо сӯиистифода аз шароити мавҷуд, амалиёти ғайриқонунӣ дар заминҳои Сурияро ба баҳонаи саркӯби гурӯҳҳои курди мухолифи давлати Анкара оғоз кард. Таҷовузи артиши Туркия ба шимоли Сурия бо маҳкумияти мардуму давлати Сурия ва ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз таҳаррукоти Туркия дар заминҳои Сурия, бояд гуфт, мақомҳои Туркия дар ростои тавофуқоти пуштипарда бо Амрико ва бархе аз дигар давлатҳои султагари ғарбӣ, ҳамчунон ба ишғоли арозии Сурия идома медиҳад. Дар ҳоле ки таҷриба нишон додааст, ҳеч кишваре бо ишғоли кишвари дигар наметавонад султаи худро ҷорӣ кунад. Шикасти Амрико дар Ветнам ва шикасти Арабистон дар Яман аз намунаҳои боризи иҷрои ин сиёсатҳо аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп