Нишасти амниятии режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба киштии режими Исроил
(last modified Sat, 31 Jul 2021 06:32:38 GMT )
Июл 31, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • Нишасти амниятии режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба киштии режими Исроил
    Нишасти амниятии режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба киштии режими Исроил

Манобеи расонаӣ аз баргузории нишасти амниятии режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба киштии ин режим дар соҳилҳои баҳри Уммон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайи ҳамла ба киштии режими саҳюнистӣ дар савоҳили баҳри Уммон « "Бани Ганц" вазири ҷанг ва Ави Кухави раиси ситоди артиши ин режими шаби гузашта  нишасти  амниятиро барои баррасии ин ҳамла ва тасмимгирӣ дар ин бора баргузор карданд.

Рӯзи гузашта ҷумъа, гурӯҳи низомии англисии мавсум ба « амалиётҳои тиҷории дарёӣ» дар баёнияи кӯтоҳ муддаӣ шуд, як киштӣ шомгоҳи панҷшанбе дар баҳри Уммон мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Дар пайи ин ҳамла, ширкати «Zodiac Maritime » низ, ки мутаъаллиқ ба «Аёл Уфер » миллиардери саҳюнист ва мустақар дар Лондон аст дар баёнияе эълом кард, бар асари ин ҳамла  2 нафар аз хадамаи киштии тиҷорӣ бо номи «Мирсир стирит », ки тобеъияти англисӣ ва румониёӣ доштанд, кушта шудаанд.

 

Бештар бихонед: