Август 06, 2021 19:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Русия аз Тоҷикистон дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиди эҳтимолӣ

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар сурати бурӯзи ҳар навъ таҳдид иқдом хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, вазири дифои Русия таъкид кард, ки пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар сурати ҳар навъ таҷовузи низомӣ аз тарафи Афғонистон, иқдомоти лозим барои дифоъ аз марзҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро анҷом хоҳанд дод.

Сергей Шойгу дар нишасти хабарӣ гуфт: Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қудратманд ва муҷаҳҳаз ба сомонаҳои пешрафтаи низомӣ аст.

Вай афзуд: Дар сурати зарурат ва бурузи ҳар навъ таҷовузи низомӣ аз сӯйи Афғонистон, барои дифоъ аз марзҳои кишварҳои узви СПАД фавран иқдом хоҳад кард.

Шойгу дар посух ба суоле дар бораи таъмини молии Русия дар ин ҷиҳатгирӣ гуфт: Замоне ки суҳбат бар сари тасмимгирӣ дар бораи чунин масоиле аст, аслан набояд ба пули он фикр кард.

Маскав ва Душанбе дар ҳоли иҷрои барномаи муштараке барои таҷдиди таслеҳотии артиши Тоҷикистон ҳастанд ва акнун ин зарурат ба вуҷуд омада то тавони билқувваи нерӯҳои марзбонии ин кишвар тақвият шаванд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп