Сентябр 02, 2021 10:02 Asia/Dushanbe
  • Тавҷеҳи вазири дифои Амрико: Хурӯҷ аз Афғонистон, дастоварде фавқулъода буд

Раиси Пентагон бо «таърихӣ» ва «дастоварди фавқулъода» тавсиф кардани фирори Амрико аз Афғонистон, аз сафари ҳафтаи ояндаи худ ба минтақаи ғарби Осиё ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс хабар дод.

Ба гузориши Форс, бо вуҷуди интиқодоти шадид ва густардаи ҷаҳонӣ аз фирори аҷулона ва бебарномаи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, Ллойд Остин, вазири дифои ин кишвар, аммо ҳамчунон ба тавҷеҳи ин шикасти стротежик машғӯл аст.

  • Бар асоси ин гузориш, Остин дирӯз (чаҳоршанбе) афзуд, «мо амалиёти хурӯҷи таърихӣ дар Афғонистон ва охирин маъмурият дар тӯлонитарин ҷанги Амрикоро ба поён расонадем. Мо тавонистем 6 ҳазор амрикоиро аз Кобул ва беш аз 124 ҳазор ғайринизомиро ба ҳамроҳи муттаҳидони худ хориҷ кунем.»
  • Вай бо таърихӣ хондани фирори музҳики Иёлоти муттаҳида аз Афғонистон, муддаӣ шуд, « хурӯҷ аз Афғонистон на танҳо барои артиши Амрико, балки барои артиши муттаҳидону шарикони мо як дастоварди фавқулъода буд. Мо вориди фасли ҷадиде мешавем, ки дар он дипломатияи талошҳои хурӯҷ аз Афғонистонро ҳидоят мекунад.»
  • Вазири дифои Амрико ҳамчунин аз сафари худ ба минтақаи ғарби Осиё хабар дод ва гуфт, « ҳафтаи оянда ба минтақаи Халиҷи Форс сафар мекунам то аз шарикони худ барои ҳимояташон ташаккур кунам. Мо ба муқобила бо терроризм дар ҳар куҷо, ки бошем идома хоҳем дод ва барои эҷоди субот дар минтақа талош хоҳем кард.»

Гурӯҳи Толибон рӯзи якшанбе (15 август) вориди Кобул шуду давлати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон суқӯт кард. Таҳлилгарон тасаллути Толибон бар Кобулро ба манзалаи хотимаи ишғолгарии 20 солаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи бозсозии Афғонистон ба шакли матлуби ҷаҳони Ғарб медонанд.

Амрико ва муттаҳидонаш пас аз бист соли ҳузури низомӣ шикастхӯрда дар ҳоле аз Афғонистон ақибнишинӣ мекунанд, ки ин лашкаркашӣ самарае ҷуз густариши терроризм, ҷанг, хушунат, бесуботӣ ва ноамнӣ ва куштори даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар надоштааст.

 

Барчасп