Сафари ҳайати Толибон ба Русия
Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини давлати Толибон дар садри ҳайат ба Маскав сафар кард.
Дар таркиби ҳайати эъзомии Толибон ба Русия, Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа, Нуриддин Азизӣ, вазири тиҷорат, Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири иқтисод ва Абдуррашид, шаҳрдори Кобул ҳузур доранд.
Нишасти Маскав дар бораи Афғонистон барои нахустин бор дар соли 2017 ва бар пояи механизми шаш тарафа бо ҳузури намояндагоне аз Русия, Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Чин ва Покистон ташкил шуда буд.
Охирин нишасти Маскав барои ҳалли масоили Афғонистон 18 марти 2021 ба раёсати Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия баргузор шуд.
Пас аз суқути Кобул тавассути Толибон дар 15 августи гузашта ва барномарезии ин гурӯҳ барои ташкили ҳукумат дар Афғонистон, масаълаи ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва иртибот бо дигар кишварҳо дар дастури мақомоти аршади Толибон қарор гирифт.
Ҳамкорӣ бо Русия ва Чин, аз ҷумлаи авлавиятҳои давлати Толибон дар ояндаи сиёсии Афғонистон аст ва дар чанд моҳи ахир бархе мақомоти ин гурӯҳи хостори мушорикати Пекин ва Маскав дар раванди бозсозии ин кишвар шудаанд.
Ба тозагӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар мусоҳибае бо хабаргузории ТАСС таъкид кард, ин гурӯҳ умедвор аст, ки Русия дар бозсозии Афғонистон, ки даҳаҳои гузашта мутаҳаммили хисороти фаровоне шудааст, мушорикати ҷиддӣ дошта бошад.
Бо вуҷуди онки ҷомеъаи Афғонистон ба далели як даҳа ишғоли кишварашон тавассути артиши Сурхи Шуравӣ аз 1979 то 1989 собиқаи зеҳнии манфӣ аз русҳо доранд, аммо дар ду даҳаи гузашта ва то пеш аз тасаллути дубораи Толибон бар Кобул (2021), ҳамкорӣ бо Маскав дар авлавиятҳои давлатҳои мустақар дар Афғонистон будааст.
Дар шароити кунунӣ, ки Толибон қудратро дар Афғонистон дар ихтиёр гирифтааст, масаълаи ҷалби кумак ва ҳамкории Русия бо ин гурӯҳ низ дар дастури мақомоти Толибон қарор гирифтааст.
Дар ҳамин росто, ҳайате аз Толибон ба Русия рафта то мақомоти ин кишварро дар гоми нахуст ба пазириши расмии давлати ин гурӯҳ дар Афғонистон мутақоъид кунад ва дар гоми баъдӣ низ давлати Маскавро ба ҳамкорӣ дар раванди бозсозии ин кишвар тарғиб кунад.
Ин аҳдофи мавриди назари Толибон дар иртибот бо Русия дар ҳоле дунбол мешавад, ки мақомоти ин кишвар зимни пайгирии таҳаввулоти Афғонистон, масаъла ба расмият шинохтани давлати Толибон дар ин кишварро ба васвос ва ҳассосияти зиёде дунбол мекунанд.
Ба хусус онки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия эълом карда, мавзӯи ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон феълан дар дастури кори ҷомеъаи байналмилалӣ нест, ки ин масаъла метавонад барои ин гурӯҳ нигаронкунанда бошад.
Дар чунин шароите, ҳадафи аслии сафари ҳайати Толибон ба Русия, гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар ва мутақоъид кардани онон ба пазириши расмии ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон аст, ки албатта баъидаст ин давр аз музокироти ду тараф битавонад ба натиҷа бирасад ва қатъан таҳаққуқи ин хости Толибон ба ройзаниҳои бештар бо Маскав ва ҳамчунин шаклгирии навъе ирода ва тасмим дар байни аъзои муассири ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани Толибон бастагӣ дорад.
Даар ҳоли ҳозир ҳеҷ як аз бозигарони муҳимми байналмилалӣ аз кишварҳои ғарбӣ гирифта то Чин ва Русия ҳозир нестанд дар иқдоме шитобзада ва бидуни онки Толибон ба қавоиди демокрасӣ, аз ҷумла баргузории интихобот ва риояти мавозини ҳуқуқи башарӣ пойбанд бошад, ин гурӯҳро ба расмият бишиносанд.
Бештар бихонед:
- Нишасте сеҷонибаи Амрико, Русия ва Чин дар бораи Афғонистон
- Таъкиди Эрон ва Чин бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон