Ҳимояти Булғористон аз илҳоқи Қрим ба Русия
-
Русия такрор кард, ки Қрим акнун мутааллиқ ба Русия аст
Румен Радев, раисиҷумҳури Булғористон дар изҳороте аз илҳоқи Қрим ба Русия ҳимоят кард. Радев, ки барои дуюмин бор ба унвони раисиҷумҳури Булғористон баргузида шуда, мутааҳҳид шудааст, ки равобити наздики худро бо муттаҳидони Булғористон дар НАТО ҳифз кунад, аммо ҳамчунин хостори равобити наздик бо Русия шудааст.
Румен Радев (Rumen Radev), ки борҳо хостори лағви таҳримҳо алайҳ Русия шудааст, бо ибрози мухолифати худ бо таҳримҳои Русия такрор кард, ки Қрим акнун мутааллиқ ба Русия аст. Суханони раисиҷумҳури Булғористон вокуниши шадиди Вашингтонро барангехт Сафорати Амрико дар София рӯзи душанбе эълом кард, ки Иёлоти муттаҳида амиқан аз изҳороти ахири раисиҷумҳури Булғористон, ки дар он Қримро «Русия» номида, нигарон аст.
Ибрози нигаронии амиқи Амрико аз мавозеъи раисиҷумҳури Булғористон дар бораи Русия ва илҳоқи Қрим ба ин кишвар дар воқеъ нишонае аз равандҳои вогироёнаи муттаҳидони шарқии Аврупо бо Вашингтон аст. Кишварҳои шарқи Аврупо пас аз фурупошии Шуравӣ, дар даҳаи 2000 ибтидо ба НАТО ва сипас ба Иттиҳоди Аврупо пайвастанд. Ин кишварҳо, ки ба онҳо кишварҳои ҷануб гуфта мешавад, ба далели ихтилофоти мутааддидашон бо кишварҳои қадимии Иттиҳоди Аврупо дар ду даҳаи ахир талоши зиёдеро барои наздикии ҳарчӣ бештар ба Амрико анҷом додаанд. Намоди ин кишварҳо Полша аст, ки ҳамвора аз мавозеъи Вашингтон дар қиболи масоили мавриди ихтилоф бо Иттиҳоди Аврупо ба вижа Олмону Фаронса ва низ НАТО ҳимоят кардааст.
Афифа Обидӣ, коршиноси масоили байналмилал мегӯяд: Бархе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бештар ба роҳбурди амрикоӣ дар қиболи Русия гароиш доранд, аммо кишварҳои дигаре дар ин иттиҳодия қоил ба талоши бештар барои маҳори таниш бо Русия ҳастанд ва аз рӯйкарди баландмуддат барои кантролу коҳиши таҳдиди Русия пайравӣ мекунанд.
Давлатҳои мухталифи Амрико аз давлати Ҷорҷ Буш то давлати Ҷо Байден низ ҳамвора бар ҳимояти кишварҳои шарқи Аврупо ҳисоб карда ва ба пуштвонаи онҳо, дар қабулондани дидгоҳҳо ва хостаҳои худ ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО исрор кардаанд. Бо ин ҳол ин вазъият зоҳиран дар ҳоли тағйир аст.
Мавзеъгирии ахири раисиҷумҳурии Булғористон дар қиболи ба расмият шинохтани илҳоқи Қрим ба Русия, нишонае аз норизоии яке аз кишварҳои муҳимми аврупоии муттаҳиди Вашингтон аз рӯйкардҳои зиддирусии Амрико аст. Румен Радев тавонист дар интихоботи ахири раёсатиҷумҳурии Булғористон ду сеюми ороро касб карда ва барои як давраи панҷсолаи дигар мақоми раёсатҷумҳуриро дар даст гирад. Бад-ӣн тартиб метавон гуфт, ки аз ҳимояти аксари булғорҳо бархӯрдор аст. Булғористон, ки дар ҳошияи ғарбии Дарёи Сиёҳ воқеъ шуда, нақши муҳимме дар стротежии минтақаии Амрико ва НАТО дар ин ҳавзаи обӣ муҳим ифо мекунад. Ба ҳамин далел Вашингтон талош кардааст то равобити худро бо София дар абъоди мухталиф бавижа дар заминаи амниятӣ, низомӣ ва таслеҳотӣ густариш диҳаду ҳамроҳии комили он бо иқдомоти зиддирусии Вашингтонро ба даст оварад.
Бо ин ҳол, Булғористон, ки аз кишварҳои фақири аврупоӣ маҳсуб мешавад, дорои равобити дерина ва пайвандҳои фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ бо Русия аст. Бад-ӣн тартиб бо вуҷуди узвияти Булғористон дар НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, аммо бисёре аз булғорҳо ҳиси қаробати фарҳангӣ ва таърихӣ бо Русия доранд. Аз сӯи дигар ин кишвар дар заминаи энержӣ ба Русия вобастааст ва дар миёнаи танишҳои физоянда байни Русияу Ғарб қарор дорад. Баназар мерасад, раисиҷумҳурии Булғористон бо мавзеъгирии ахири худ ба навъи чархиши София ба самти Маскавро ҳаддиақал дар мавзӯи илҳоқи Қрим ба Русия нишон додааст. Дар ҳоле, ки Амрико ба шиддат мухолифи ин амр буда ва аз талошҳои Украина барои пайвастани дубораи Қрим ба ин кишвар ҳимоят мекунад.
Бештар бихонед:
- Путин: Қримро ба Украина пас намедиҳем
- Маскав: ба ҳаргуна иқдоми таҳрикомез алайҳи Қрим посух медиҳем