Декабр 09, 2021 14:50 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Иллати таҳдидоти режими саҳюнистӣ бар зидди Эрон

Ҳар замоне, ки Эрон вориди музокираи Ғарб дар бораи барномаи ҳастии худ мешавад, Исроил ба ваҳшат афтода ва ба таҳдиду оҳу нола меафтад.

Дар музокироти ахир ва пас аз он таҳдидҳои Исроил бар зидди Эрон ташдид шудааст. Исроил бо мутаҳам кардани Эрон ба талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ, таҳдид мекунад, ки дар сурате, ки Ғарб ва Амрико монеи Эрон нашавад, худаш ба сурати мустақил бар зидди Эрон вориди амал хоҳад шуд.

Нуқтаи ибтидои дорои аҳаммият дар бораи мавзъи режими саҳюнистӣ дар бораи музокира кардан  ё накардани ғарбиҳо бо Эрон ин аст, ки режими саҳюнистӣ ба дунболи музокираи Ғарб бо Эрон аст, аммо музокирае, ки дар он шартҳои сахт бар Эрон таҳмил ва тазминҳои зиёде аз Эрон гирифта шавад, ба гунае, ки фаъолиятҳои ҳастии Эрон ба шиддат маҳдуд шавад ва Эрон пешрафте дар ин бора надошта бошад, афзун бар ин дар музокира мавзӯи саноати мушакӣ ва паҳбодӣ ва нӯфузи минтақаии он низ гунҷонида шавад,  нигаронии кунунии Исроил ин аст, ки давлати Байден тавони таҳаммули шартҳои сахт бар Эронро надорад ва Аврупо низ дар вазъи инфиъол ба сар мебарад. Ба ҳамин иллат ба ваҳшат афтодан ва бар хилофи қавонини байналмиллал, Эронро ба унвони кишваре, ки узви Созмони Милалли Муттаҳид аст, таҳдид ба иқдоми низомӣ мекунад.

Дар бораи таҳдидоти Исроил бар зидди Эрон, аммо нуктае, ки нахуст бояд бидонем ишора кард, ин аст, Ҷумҳури Исломии Эрон бо иттихози тадобири комили дифоӣ, ҳаргуна таҳдидро аз сӯи душманон, аз ҷумла режими саҳюнисти ҷиддӣ мегирад ва тадобири дифоӣ барои ҳифозат аз таъсисоти ҳасоси худ карда ва тавони хунсосозии ҳар гуна ҳамалот ва таҷовузоти эҳтимолии Амрико ва ин режимро дорад. Дар ин чорчуб буд, ки сомонаи дифоии Эрон пешрафтарин паҳбоди амрикоӣ (Гулубол Ҳовк)-ро ки ба ҳарими ҳавоии Эрон таҷовуз карда буд, раҳгирӣ ва сарнагум карданд, бино бар ин ба лаҳзаи хуи ваҳшиёна ва фурсатталабонаи режими саҳюнистӣ ва Амрико, Эрон ин таҳдидҳоро бояд ҷиддӣ бигирад, аммо саволе, ки дар инҷо матраҳ мешавад марбут ба сабаби зиёд шудани  таҳдидҳои Исроил бар зидди Эрон дар мақтаъи кунунист.

Дар посух ба ин савол бояд гуфт, ки нахустин ва муҳимтарин иллати таҳдидҳои Исроил ношӣ аз ваҳшате аст, ки аз пешрафтҳои Эрон дар ин масир дорад онгунае, ки аз назароти режими саҳюнистӣ ва расонаҳои вобаста ба он дар дохил ва хориҷ бар меояд, нигаронии аслии Ислроил аз ончӣ иддао мекунанд, ки Эрон дар масири сохти силоҳи атомӣ қарор дорад нест, балки нигаронии аслии Исроил аз тавони илмӣ ва пешрафтҳое аст, ки Ҷумҳури Исломии Эрон дар ин замина касб карда ва бо расидан ба марҳалаи баргаштнопазир ва табдил шудан ба кишвар (остонаи ҳастии) ба яке аз қудратҳои ҷаҳони табдил шудааст ва дар сурати идомаи ин раванд муодилот ва мувозиноти минтақа ва ҷаҳон дигаргун хоҳад шуд.

Дуввумин иллати таҳдидҳои Исроил ин аст, ки бо дастмоя қарор додани мавзӯи ҳастии Эрон  ба дунболи зургирии таслиҳотӣ ва молӣ аз давлатҳои ғарбӣ бавижа Амрико аст. Исроил бо фурсаталабӣ дар садад аст то бо баҳона қарор додани ин мавзӯи силоҳои пешрафтаи дигар аз Амрико ва имтиёзҳои сиёси аз давлатҳои ғарбӣ дар иртибот бо масъалаи Фаластин ва узвияти режими саҳюнистӣ дар ниҳодҳои байналмиллалӣ бигирад дар воқеъ ҳадафи Исроил дар ин бора расондани ин паём ба Ғарб ва Амирко аст, ки агар монеи пешрафти Эрон нашавед ва шартҳои Тел Авивро дар музокирот бо Эрон нодида гиранд бо иқдомоти худ амнияти минтақаро, ки бисёри манофеи иқтисодии ғарбиҳо аз он таъмин мешавад ба хатар хоҳад андохт аз инрӯ Исроил фурсатро барои дуздӣ аз ғарбиҳо муносиб дидааст.

Сеюмин иллати таҳдидоти режими Исроил бар зидди Эрон ин аст, ки бо эронҳаросӣ ва душмансозӣ аз Эрон ва муттаҳидони минтақаит он, баҳонае барои идомаи таҷовузгариҳои худ бар зидди аҳдофт меҳвари муқовимат дар кишварҳои минтақа ба даст оварад ба ин маъно, ки натанҳо ҳеҷ гуна ҷои интиқод барои дигар кишварҳо боқб нагузорад, балки ҳимояти таслиҳотӣ ё дастикам чароғи сабзи онҳо барои идомаи ҳамла ба аҳдофи муттаҳидони Эрон дар минтақа касб кунад. Исроил ин навъ сиёсатро дар дохили Фаластин низ ба кор мегирад ба сиёсати (фаҳмзудоӣ) мавсум аст ба ин маъно, ки талош мекунад зеҳнҳои ғарбиҳоро аз масоили аслие, ки дар инҷо таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ дар дохил ва хориҷ аст, мунҳариф ва тавваҷӯҳи онҳоро ба масоили дигар, аз ҷумла Эрон маътуф кунад.

Чорумин иллати таҳдидоти Исроил дар иртибот бо рӯйкарди он дар қиболи кишварҳои минтақа таъсирпазир аст. Исроил талош мекунад Эронро манбаъи хатари аслӣ барои минтақа ва худро танҳо муқобилкунанда бо ин хатар ва танҳо мудофеи тавонманд аз кишварҳои минтақа ва омили аслии суботи онҳо бознамоӣ кунад то кишварҳои минтақаро ба сафи худ бар зидди Эрон суқ диҳад ва мавзӯи одисозии равобит ва нӯфуз дар миёни кишварҳои дигарро, ки хатарҳои он барои нӯфуз ва таҳти сайтара қарор додани онҳо аст, пеш бибарад, ба ҳамин иллат режим монанди гӯруҳи терористии ДИИШ, ки масъулияти ҳаргуна ҳодиса ва инфиҷор ва даргирӣ дар сатҳи дунёро аз дигар бо силоҳи сард гирифта то амалиётҳои терористӣ барӯҳда мегирад.

Панҷумин иллати таҳдидоти режими саҳюнистӣ комилан дохилӣ аст ва он ин аст, ки кобинаҳое, ки дар Фаластини ишғолӣ ташкил мешавад, талош мекунанд ба маҳофил ва лобии саҳюнистҳо собит кунанд, ки дар баробари Эрон қотеъ ҳастанд ва дар воқеъ мавҷудияти худро дар қотеъ нишон додан дар баробари Эрон медонад.

Акнӯн низ кобинаи широкат ва сусти (Бинт- Лопид) талош мекунанд ҳам ба афкори умумӣ ва ҳам ба маҳфилҳои саҳюнистӣ нишон диҳанд, ки тавони муқобила бо Эронро  дорад ва дар баробари Эрон кӯтоҳ нахоҳад омад.

Шашумин иллат низ марбут ба сиёсати нахуствазири кунунии Исроил аст, акнун Нафтали Беннет талош мекунад ҳам ба тарафҳои ғарбӣ бавижа лобиҳои саҳюнист ва ҳам ба аҳзоб ва гӯруҳои саҳюнистӣ дар дохил исбот кунад, ки Исроил дигар вобаста ва дунболаравии Амрико нест ва дар бораи масъалаи амниятии худ ба сарфи назар аз мавозеи Амрико тасмимгирӣ ва мустақилона амал мекунад.

 

Нависанда: Ҷалолӣ Чароғӣ

ُ