Кушта шудани як нафар наздики Кохи салтанатӣ дар Лондон
(last modified Sun, 12 Dec 2021 08:37:09 GMT )
Декабр 12, 2021 13:37 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як нафар наздики Кохи салтанатӣ дар Лондон

Як марди мусаллаҳ дар ҷараёни даргирӣ бо маъмурон наздики иқоматгоҳи салтанатии Кохи Кенсингтон-дар пойтахти Британия аз по даромад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ассошитед Пресс, полиси Лондон эълом кард: Маъмурони полис пас аз дарёфти гузориши вуруди як нафар бо силоҳи гарм ба як бонк ва муассисоти шартбандӣ дар минтақаи Кенсингтон, дар ғарби Лондон вориди амал шуданд .
Полис афзуд : Ин фард бо худрав гурехт,вале маъмурон дар як минтақаи сарватманднишин, ки чандин сафоратхонахову кохро дар худ ҷой додааст, вайро мутаваққиф карданд .
Кохи Кенсингтон, иқоматгоҳи расмии шоҳзода Уэлиямс, Кяти-ҳамсари вай ва се фарзандашон аст ва чандин узви дигари хонаводаи салтанатӣ низ дар он зиндагӣ мекунанд .
Полиси Лондон гуфт : Фарди мусаллаҳ дар ҷараёни даргирӣ бо полис ба зарби гулӯла кушта шуд.
Полис эълом кард, ки ин ҳодиса ба манзалаи тероризм қаламдод намешавад .