Январ 23, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Русия : НАТО, омили ташдиди танишҳо дар Украина аст

Вазорати умӯри хориҷаи Русия эълом кард таблиғоти расонаии гумроҳкунандаи Британя нишон медиҳад, ки ин НАТО ба раҳбарии кишварҳои англосаксон аст, ки танишҳо дар Украинаро ташдид мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Русия алявм, Вазорати умӯри хориҷаи Русия дар вокуниш ба иттиҳомзании Британия алайҳи ин кишвар мабнӣ бар талош барои гумоштани раиси ҷумҳӯрии вобаста ба Маскав дар Украина зимни бепоя хондани ин иддао эълом кард : Таблиғоти расонаии гумроҳкунанда, ки Вазорати умӯри хориҷаи Британия мунташир кардааст, нишон медиҳад, ки ин НАТО ба раҳбарии кишварҳои англосаксон аст, ки танишҳо дар Украинаро ташдид мекунад .

Пештар Лизи Трас-вазири умӯри хориҷаи Британия иддао кард : Ба ҳеҷ унвон тавтеъаи Кремлро барои гумоштани раиси ҷумҳӯрии вобаста ба худ дар Украина нахоҳем пазируфт .
Трас муддаӣ шуд : Кремл медонад ҳамлаи низомӣ ба Украина як иштибоҳи роҳбурдӣ хоҳад буд . Агар Русия ба Украина ҳамла кунад бо шуракои худ ҳазинаи сангинӣ бар ин кишвар таҳмил хоҳем кард .

Вазорати умӯри хориҷаи Британия ба атбоъи ин кишвар тавсия кард, ки аз сафари ғайризарӯрӣ ба Украина худдорӣ кунанд; чаро ки таҳаввулоти ин кишвар ба суръат дар ҳоли тағйир аст .
Маскав ахиран ба манзури коҳиши танишҳо перомуни масоили Украина пешниҳодҳое дар ростои тазмини амниятии ғарбиҳо ба Русия, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз густариши НАТО ба самти марзҳои ин кишвар ва хурӯҷи неруҳои НАТО аз ин минтақаро матраҳ кард.

 

Барчасп