Пулшуӣ тозатарин иттиҳоми фарзанди маликаи Британия
(last modified Tue, 08 Feb 2022 10:40:55 GMT )
Феврал 08, 2022 15:40 Asia/Dushanbe
  • Пулшуӣ тозатарин иттиҳоми фарзанди маликаи Британия

Шоҳзода Эндрю, фарзанди маликаи Британия, ки токунӯн ба шиддат даргири парвандаи таҷовуз ба духтари зери сини қонунӣ буда, акнӯн кумак ба пулшӯӣ ҳам ба иттиҳомоташ афзӯда шудааст.

Ба гузориши нашрияи Сон, фурӯши иморати 15 миллионпундии шоҳзода Эндрю, писари дуввуми маликаи Британия ба як миллиардери хориҷӣ барои кумак ба пулшуии миллионҳо доллар, тозатарин парвандаи кайфарӣ алайҳи вай аст.

Duke York ин мулки муҷаллалро дар муомилае ҷанҷолӣ дар соли 2007 ба маблағи 15 миллион пунд ба Темур Қулибоеви қазоқ фурӯхт.

Бозрасони хусӯсӣ гуфтанд, акнӯн ба мустанадоте қонеъкунанда барои машкӯк шудан ба хариди амлок барои татҳири пули ихтилос шуда аз фурӯши дороиҳои давлатии Қазоқистон даст пайдо кардаанд.

Вакилони Қулибоев, додхосте ба додгоҳи олии Британия ироа карда ва зимни радди ин гузориш муддаӣ шудаанд, ин гузориш ҳуқуқи ҳифозат аз додаҳои ӯро нақз кардааст.

Манобеи ҳуқуқӣ мегӯянд, мумкин аст Эндрю барои ин парванда ба унвони шоҳид ба додгоҳ эҳзор шавад.

Расонаҳо хонадони салтанатии Британия ҳамчунон идома дорад ва ахиран пас аз онки як қозӣ дар Ню-Йорк дастури расидагӣ ба парвандаи шикоят аз шоҳзодаи Эндрю, Duke York, фарзанди маликаи Британия дар иртибот бо иддаоҳои тааррузи ҷинсӣ ба як занро содир кард, ин шоҳзода аз тамомии ановин ва мансабҳои низомӣ халъ шуд.