Феврал 19, 2022 21:44 Asia/Dushanbe

Мусалмонони Нигерия бо дархост ва ҳимояти ҷунбиши исломии ин кишвар, дар Абуҷа пойтахти Нигерия, зидди эътилофи саъудӣ тазоҳурот ва аз мардуми Яман ҳимоят карданд.

Эътилофи муттаҷовизи саъудӣ дар ҳафтаҳои ахир борҳо манотиқи истиқоматӣ дар устонҳои мухталифи Яманро бомбаборон карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми мусалмони Нигерия асри ҷумъа дар ин тазоҳурот, идома доштани ҳамалоти эътилофи саъудӣ ба Яман ва куштори мардуми ин кишвар ба вижа, кӯдакон ва занони яманиро маҳкум карданд.

Тазоҳуроткунандагон дастнавиштаҳое дар ҳимоят аз мардуми мазулми Яман ҳамроҳи худ доштанд.

Мусалмонони Нигерия худро яманӣ хонданд ва бар поёни наслкуши ва қатли оми мардуми Яман таъкид карданд.

Яке аз тазоҳуроткунандагон ба хабарнигори хабаргузории Эрон дар Абуҷо гуфт, онҳо тасмим гирифтанд тазоҳуротро дар масҷиди миллии Абуҷо баргузор кунанд то садои онҳо зидди терроризми Саъудӣ дар Яман ба саросари ҷаҳон бирасад.

Ин мусалмони нигерияӣ таъкид кард, раиси Ҷумҳурии Нигерия, мақомоти аршади давлати ин кишвар ва дипломатҳои ҷаҳон дар масҷиди миллии Абуҷо намоз хонданд. Бинбар ин, бо тазоҳурот дар он ҷо, ҷаҳон мутаваҷҷеҳ мешавад, нигерияиҳо мухоилифи ҷанги Арабистон дар Яман ҳастанд.

Ҷангафрӯзиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман аз марти 2015 то кунун, садҳо кушта ва захмӣ дар миёни яманиҳо бар ҷой гузошта аст.

Таҷовузи низомиёни Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсад аз зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишварро бо камбуди зиёди маводи ғизоӣ ва доруӣ рӯ ба рӯ карда аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп