Ноябр 19, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Садҳо кӯдаки фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ

Анҷумани умури асирон ва боздоштшудагони фаластинӣ аз ҳузури дастикам 350 кӯдаки фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба иттилои Ирно, Анҷумани умури асирон ва боздоштшудагони фаластинӣ рӯзи шанбе дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии кӯдак эълом кард, дар байни кӯдакон ва навҷавонони фаластинии боздоштшуда 12 духтар низ дар банди режими саҳюнистӣ қарор доранд.

Анҷумани умури асирон ва боздоштшудагони фаластинӣ бо ишора ба судури аҳкоми тӯлонимуддати додгоҳҳои исроилӣ барои кӯдакони фаластинӣ изҳор кард, аз оғози Интифозаи Қудс дар октябри 2015 токунун беш аз ду ҳазор фаластинӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ боздошт шудаанд.

Ин анҷумани фаластинӣ бо баёни инки кӯдакони фаластинӣ дар зиндонҳои Офер, Маҷду ва Ҳашорун дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳузур доранд, тасреҳ кард, даҳҳо нафар аз ин кӯдакон дар интизори муҳокима ва судури аҳкоми ноодилонаи додгоҳҳои исроилӣ ҳастанд.

Анҷумани умури асирон ва боздоштшудагони фаластинӣ бо ишора ба маҳкум шудани Аҳмад Муносира, навҷавони 14 солаи фаластинӣ ба 12 сол зиндон, бар ҳимоят аз кӯдакони фаластинӣ аз сӯи ниҳодҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) таъкид кард.

 

Барчасп